Мардуми кишварамон шукронаи Истиқлолият, шукронаи ваҳдати миллӣ мекунанд, ки тӯли чоряк асри баъди Истиқлолият ба пешравиҳои калони иқтисодию иҷтимоӣ ноил шуда, дар ҳар деҳаву маҳалла бунёдкориҳо чунон босуръат пеш рафт, ки мислашро насли калонсол надида буд. Пас кадом чиз барои наҳзатиҳо боиси норозигист. Оё ин ношукрӣ нест, ки чунин давлату чунин шароитҳоро нодида гирифта ба ҷойи дар ободонию шукуфонии кишвар саҳм гузоштан даст ба дасисабозӣ мезананд? ҲНИ баробари ҳизбҳои дигар дар интихоботи порлумонӣ иштирок мекард, шароитҳои хуб дошт….
Аз тарафи ТТЭ ҲНИ, ки бозичаи дасти хоҷагони хориҷӣ буд, ҷиноятҳои зиёд содир шуданд. Саркардагони ҲНИ бо пуштибонӣ аз хоҷагони хориҷии худ маблағҳои калони гирифтаашонро бо мақсадҳои разилонаи тарҳрезишудаи онҳо масраф карда, вазъи орому осудаи ҷумҳуриро ноором карданӣ мешаванд. Аммо дигар ба мақсадҳои худ нахоҳанд расид. Зеро ҳаркӣ бадхоҳи халқу миллати хеш аст, оқибат хору зор хоҳад шуд.
Ш. Ашӯров,
омӯзгори МТМУ № 15, ноҳияи Деваштич
Шарҳ нест