Ҳама офоқ пур аз фитна…

07.05.2019

print
Тайи солҳои охир баъзе намояндагони созмонҳои дохиливу хориҷии аҳзоби сиёсӣ ва ҷунбишҳои ҷомеаи кунунӣ ба мақоми давлату миллати тоҷик сару садоҳои иғвогарона баланд мекунанд. Шахсону гурӯҳҳои алоҳида мехоҳанд бо дасисаву моҷаро бо ҳар роҳу восита вазъияти ороми ҷомеаро халалдор созанд.

Сиёсат аҷаб бозиест, мушкил, лекин ин ҳодисаҳо ягон шахси ватандӯстро бетараф мононда наметавонад. Онҳо бо ин ақидаҳои номатлуби хеш мехоҳанд мафкураи инсонро заҳролуд гардонида, байни мардуми мусалмон низоъ андозанд. Магар онҳо намедонанд, ки фарди мусалмон дар кадом вазифае набошад, фарзу суннатҳои дини Исломро мепарастад. Зеро китоби муқаддаси мусалмонон дар тинату сирати инсон ҷо гирифта, ӯро ба роҳи нек ҳидоят месозад. Оё онҳо намедонанд, ки дар хонадони ҳар як мусалмон китоби «Қуръон» муқаддас дониста шуда, онро чун гавҳараки чашм нигоҳ медоранд? Онҳо магар намедонанд, ки ин китоб барои мо мусалмонон азиз ас? Ин ифротиён худ аз азиз будани дини Ислом ва китоби «Қуръон» ҳарф мезананду як умр Исломро дар ҳамон деги сиёсати ифлос меҷӯшонанд. Онҳо фарде ҳастанд, ки садоқату вафодориро намедонанд, ба қадри некиҳо намерасанд. Бо ақидаҳои нодуруст ва гуфторҳои бардурӯғи худ шахсоне, ки баҳри Ватан, ободиву созандагӣ сулҳу ваҳдат саҳмгузоранд, байни халқ айбдор сохтанианд. Онҳо бояд донанд, ки мардуми ватандӯсту сулҳпарвари тоҷик ҳеҷ гоҳ ба дасисаҳои бардурӯғу фитнаангез бовар намекунанд.

Гуруҳи омӯзгорони
ноҳияи Деваштич

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code