ИҶЛОСИЯИ БИСТУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ, ДАЪВАТИ ШАШУМ БАРГУЗОР ГАРДИД

18.09.2024

print

Имрӯз, 18 сентябри соли 2024  дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҳти Раёсати раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, Раиси  ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи  ноҳияи Деваштич, даъвати шашум баргузор гардид.

Дар иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Деваштич, даъвати шашум вакилони маҷлиси вакилони халқ, муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ноҳия, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони муассисаҳои таълимии ноҳия, роҳбарони бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои саломатӣ, раисони Шурои маҳаллаҳо, раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва имомхатибон иштирок доштанд.

Инчунин, дар кори Иҷлосия намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят  Аминҷон Абдуллозода иштирок намуд.

Дар асоси  рӯзномаи маҷлис масъалаҳои дар бораи рафти иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд аз 02.10.2023, №314 “Дар бораи татбиқи Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” дар ноҳия, ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Деваштич, даъвати шашум оид ба масъалаҳои масоили оила, занон ва пешгирии хушунат дар оилаи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Деваштич, даъвати шашум, ҳисоботи вакил аз ҳавзаи интихоботии “Бахт” №2 Равшаной Маъмурзода оид ба фаъолияти вакилиаш ва тасдиқи қарорҳои Раиси ноҳия мавриди  баррасӣ қарор гирифт.

Аз рӯи масъалаи якум оид рафти иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд аз 02.10.2023, №314 “Дар бораи татбиқи Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” дар ноҳия муовини якуми раиси ноҳия Умар Маҳмадёрзода маърӯза намуд.

Мавсуф зикр дошт, ки бо мақсади гузаронидани мониторинги доимӣ ва ба танзим даровардани  маҷрои дарёҳо, гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва тоза намудани сойҳо, ҷиҳати  пешгирӣ намудани хавфи селу обхезиҳо ва шусташавии соҳилҳои дарёҳо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми апрели соли 2023 таҳти рақами 186 дар бораи “Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” таҳия ва қабул гардид.

  Мақсад аз қабули Барномаи мазкур  коҳиш додани офатҳои табиӣ, хусусан селу обхезиҳо, ҳифзи аҳолӣ, заминҳои кишоварзӣ, роҳҳо, пулҳои мошингузар ва дигар иншоотҳои  муҳими  хоҷагии халқ аз таъсири обхезиҳо мебошад.

   Чи хеле ки аз таҳлили вазъи офатҳои табиӣ ва корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд ноҳияи Деваштич низ дар қатори минтақаҳои нисбатан бештар ба сел дучоршаванда  ба ҳисоб меравад.

 Баҳри таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми апрели соли 2023 таҳти рақами 186 дар бораи “Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои  2023-2027” ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 2-юми  октябри соли 2023, таҳти рақами 314 дар бораи “Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” дар вилояти Суғд”, қарори Раиси ноҳия аз санаи 16-уми майи соли 2024, таҳти рақами 368 дар бораи “Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” дар ноҳияи Деваштич ба тавсиб расонида шуда, нақша чорабиниҳо таҳия карда шудааст ки  дар асоси он фаъолият ба роҳ монда шудааст.

Муовини  якуми Раиси ноҳия Умар Маҳмадёрзода дар маърӯзаи хеш қайд намуд, ки аз соли 2023 инҷониб тадбирҳои муайян ҷиҳати тадбиқи Барномаи мазкур ба роҳ монда шуда истодаанд.  Соли 2023 бо маблағи 30 ҳазору 66 сомонӣ дар минтақаҳои обгузари Истиқлол – Исмоили Сомонӣ корҳои таъмирӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ, ивази қубурҳои обгузар, ки  аз таъсири селу обхезиҳо зарар диданд,  ба роҳ монда шуданд.

  Аз рўи масъалаи дуюми рўзномаи иҷлосия  раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба масъалаҳои масоили оила, занон ва пешгирии хушунат дар оила, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии «Ғончӣ» №1 Ганҷина Нуруллозода ва ҳисоботи вакил аз ҳавзаи интихоботии «Бахт» №2 Равшаной Маъмурзода  оид ба фаъолияти вакилиаш шунида шуда ва инчунин тасдиқи қарорҳои раиси ноҳия аз ҷониби вакилон тасдиқ гардиданд.

Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят  Аминҷон Абдуллозода ба самъи ҳозирин дар доири масъалаҳои баррасишаванда фикру ақидаҳои худро баён намуд ва баҳри пешбурди кор дар самтҳои гуногуни фаъолият маслиҳатҳои муфид дод.

Музокираҳо ҷамъбаст гардида, Раиси ноҳия ба муовинони раиси ноҳия, воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шуъбаю бахшҳои он, раисони Ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия вазифагузориҳо, супоришу дархостҳои мушаххас пешниҳод ва баҳри ислоҳи норасогиҳои ҷойдошта муҳлат муқаррар карда шуд.

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code