Ҷинояткор тарбият нахоҳад шуд.

20.05.2019

print
Шоми 19 май соати 20:30 як гурӯҳи зиндониҳое, ки бо содир намудани ҷиноят, аз қабили ҳамкорӣ бо “Давлати исломӣ”, пайравӣ ба ҳизбу созмонҳои террористиву экстремистӣ ва ифротгаро  зиндонӣ гардидаанд,  “бо ашёи тезу буранда” мусаллаҳ шуда бо нозирони маҳбас хостанд заду хурд намуда, аз зиндон гурезанд.

Тибқи баёнияи Вазорати адлия зиндониён ба даъвати нозирони муассисаи ислоҳӣ оид ба қатъ намудани бетартибӣ итоат накарданд. Онҳо бо корду ашёи тези доштаашон ба кормандони муассиса ҳуҷум намудаанд. Аз ҷониби маъмурияти муассисаи ислоҳӣ чорахои катъи дида шуд ва ҳангоми ба низом даровардани реҷаи интизоми дохилӣ, дар байни маҳбусони хатарнок талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта шудааст.

Бояд қайд намуд, ки муассисаи ислоҳии №3/2-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат воқеъ буда, маҳбусон бо баҳони муноқиша мехостанд аз зиндон гурезанд. Ҳангоми мусаллаҳ гардидану заду хурд ва гаравгон гирифтани нозирон бо ашёи тезу бурранда 3 нафар нозирони муассисаро ба қатл расониданд ва нақшаи гурехтани онҳо барбод рафт. Дар асл он шахсоне, ки ба қадри озодии хеш ва тинҷиву оромии Ватан нарасида даст ба ҷиноятҳои сангин заданд, алалхусус шахсоне, ки имрӯзҳо бо ҷурми хиёнат ба Ватан, ташкили гуруҳҳои террористиву экстремистӣ ва пайравӣ ба амалҳои онҳо ҷиноят содир намудаанд, на ҳамаи онҳо дар маҳбасҳо ислоҳ мешаванд.

Имрӯз барои тинҷиву оромии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷавонони худогоҳу худшинос, ватандӯсту меҳанпараст ва ҳомиёни марзу бум ҷони худро дареғ намедоранд. Аммо баъзе ашхосоне, ки барои манфиати хоҷагону дастанкорони худ ба ҳамаи амалҳои нангину зишт даст мезананд на парвои Ватану на парвои тинҷиву оромӣ он мекунанд. Се тан ҷавонмардоне, ки барои ором намудани бетартибиҳо аз дасти золимону хоинону террористон ҷон ба ҳалокат доданд, номашон ҳамеша зинда хоҳад монд. Ба пайвандони онҳо сабру таҳаммул аз Худованд хоҳонем.

Аз номи як гуруҳ сокинони ноҳияи Деваштич.

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code