КУРСИ ОМӮЗИШӢ: ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ РАИСИ НОҲИЯ ДАРС ГИРИФТАНД

19.09.2024
print

  

18 сентябр дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич курси омӯзишии “Пайравони Пешвои миллат!” баргузор гардид.  Дар он  Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода, муовини раиси ноҳия Ганҷина Нуруллозода, кормандони бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ва масъулону кормандони шуъбаҳои дахлдори мақомот иштирок  намуда, ҷавонони  фаъолу лаёқатманд низ  ҷалб гардиданд. “Саҳми Пешвои миллат дар рушду нумӯи Тоҷикистон” ин мавзӯи нахустини курси омузишӣ буд, ки раиси ноҳия онро  баррасӣ намуда, аз кору фаъолият ва хизматҳои шоистаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ҳарф заданд. То ҷавонон  аз таъриху ниёгони хеш огоҳ шуда, ба қадри тинҷиву озодӣ ва истиқлоли миллат бирасанд.

Курси омӯзишии “Пайравони Пешвои миллат” дар асоси барқияи  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ноҳия  ташкил гардида,  барои  баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва дар ин замина  тарғиби арзишҳои миллӣ  равона гардидааст.   Давомнокии курси мазкур  се моҳ буда,   23 мавзӯи дигар  аз ҷони масъулону роҳбарон баррасӣ хоҳад шуд.  Мақсад аз ташкили курси омӯзишӣ омода намудани кадрҳои ҷавон ба хизмати давлатӣ  мебошад.  То  мушкилоти нарасидани кадрҳои ҷавон   бартараф карда шавад.

Бояд қайд намуд, ки дар ҷамъбасти  курси омӯзишии “Пайравони Пешвои миллат”   маросими супоридани шаҳодатнома  ба таври тантанавӣ доир гардида,  хатмкунандагони курси мазкур соҳиби шаҳодатнома хоҳанд шуд.

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code