Натиҷабардорӣ аз семоҳаи аввали соли 2019

12.04.2019

print
Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маҷлиси ҷамъбасти семоҳаи аввали соли равон бо иштироки намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати тандурустӣ Мақсудзода Фаррух, муовинони раиси ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, роҳбарони корхонаю ташкилотҳои ноҳиявӣ, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сарварони муассисаҳои таълимию табобатии ноҳия, раисони хоҷагиҳои кишоварзӣ, раисони Шӯрои маҳаллаҳо ва имомхатибони ноҳия баргузор гардид.
Муовини аввали раиси ноҳия Абдумалик Ҳодиев ба ҳозирин «Дар бораи натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии хоҷагии халқи ноҳия дар 3 моҳи аввали соли 2019» ахбороти муфассал дод. Аз ҷумла, қайд намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри дар сатҳи зарурӣ таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшида ба солҳо 2019-2021 «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» фаъолияташро ба роҳ монда, барои корҳои созандагиву бунёдкориро идома дода истодааст.
Раиси ноҳия Сулаймон Зиёзода аз масъулини соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия барои иҷро гардидани дастуру супоришҳо, корҳои созандагиву бунёдкорӣ, таҷлили сазоворонаи ҷашнҳои миллӣ ва дигар масъалаҳо пурсон шуд.
Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати тандурустии Мақсудзода Фаррух аз дастовардҳо изҳори қаноатмандӣ намуд. Барои иҷрои сарвақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ҳарф зада, барои мслоҳи камбудиҳои ҷойдошта маслиҳатҳои муфид дод.

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code