Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони иншооти гуногун дар ноҳияи Деваштич

30.04.2019

print
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич бо ҷараёни сохтмони иншооти гуногун шинос гардид.

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои марбут ба ҷашни 30-солагии Истиқлолият имрӯзҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сохтмони муассисаи томактабии ҷамоат бо 240 ҷой идома дорад. Фармоишгари иншооти мазкур Идораи сохтмони асосии вилоят буда, пудратчӣ ширкати “Суғдсохтмонсоз” мебошад.

Зимни шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ Раиси вилоят ба масъулин ҷиҳати бо сифати баланд ба итмом расонидани корҳо, зиёд намудани шумораи сохтмончиён, кабудизор ва чароғонкунии атрофи бино дастуру супоришҳо дод.

Сипас, Раиси вилоят раванди корҳои сохтмониро дар маркази саломатии Ҷамоати деҳоти Яхтан мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Аснои шиносоӣ таъкид гардид, ки иншооти соҳаи тандурустӣ баҳри беҳтар намудани вазъи хизматрасонии тиббӣ бунёд шуда, бо мавриди истифода қарор гирифтани он 10 нафар кормандони соҳаи тиб бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд.

Фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд буда, маркази саломатӣ тибқи лоиҳа дорои 8 ҳуҷра мебошад. Харҷномаи лоиҳавии иншоот наздик ду миллион сомониро дар бар гирифта, то ба имрӯз ба маблағи 800 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба иҷро расонида шудааст.

Дар идомаи боздиди корӣ Раиси вилоят ҳамзамон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бинои Нозироти андоз, бинои Маркази адлия, бинои маъмурии Раёсати молия, таваллудхонаи марказӣ, майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Деваштич, таҷдиду навсозии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 17 ва бинои Идораи кумитаи замини ноҳия ошно шуда, ҷиҳати иҷрои саривақтии корҳои сохтмонӣ ба масъулин дастуру супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code