Таҷлили рӯзи умумиҷаҳонии оила.

16.05.2019

print
Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии оила як қатор тантанаҳо дар ноҳияи Деваштич баргузор гардид, ки дар он оилаи намунавии Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иштирок намуданд. Дар Қасри фарҳанги ба номи А.Рӯдакӣ раиси ноҳия Сулаймон Зиёзода, роҳбарони ташкилоту идораҳо ва як гуруҳ шахсиятҳои шинохтаву барӯманду рӯзгордидаи ноҳия ташриф оварданд.
Раиси ноҳия Сулаймон Зиёзода барои ташкили чорабинии идона, тамошои намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои фарҳангӣ изҳори сипос намуда, ба ташкилкунандагони чорабинӣ миннатдории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро баён намуд. Аз ҷумла, дар суханрони қайд намуд, ки бо ташаббуси созандаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оила ва солимии он дар ҷомеаи имрӯза ба як ҳадафи асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфтааст.
Дар чорабинӣ оилаҳои намунавӣ аз ҳаёту фаъолияти худ ба иштирокдорон маълумотҳои ҷолиби диққатро нақл намуданд. Инчунин фаъолзанон дар боари солимии оилаҳо, тарбияи фарзандон дар назди ҳозирин андешаҳои хешро изҳор карданд. Барномаи фарҳангии кормандони бахши фарҳанги ноҳия хотири иштирокдоронро болида сохт. Ба 8 ҷуфти оилаҳои намунавии ноҳия, ки аз 5 то 50 сол зиндагии муштарак доранд, туҳфаҳои хотиравӣ ва Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз ҷониби раиси ноҳия Сулаймон Зиёзода супорида шуд.

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code