ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ВА ИДИ КАСБИИ ОМӮЗГОРОН ДАР НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ

05.10.2024

print
  

Ҳамасола дар саросари кишвари азизамон дар ҳафтаи авалли моҳи октябр – Рӯзи забони давлатӣ ва Иди касбии омӯзгорон дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ таҷлил карда мешавад.

Ба ин рӯзи муқаддас санаи 4 октябри соли равон дар Қасри фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии ноҳия бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва Иди касбии омӯзгорон таҷлил гардид.

Дар чорабинии мазкур намояндаи Раёсати маорифи вилояти Суғд Зулфия Нурматова, муовинони раиси ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзу ҳуқуқ, мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо  ва омӯзгорону хонандагон иштирок намуданд.

Раиси ноҳия муҳтрам Ашуралӣ Ҷалилзода дар баромади  худ, кулли омӯзгорон ва иштирокчиёни чорабиниро бо Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иди касбии омӯзгорон самимона табрику муборакбод намуданд.

– Таҷлили имсолаи Рӯзи забони давлатӣ ва Иди касбии омӯзгорон ба худ шукӯҳу шаҳомати хосаро доро буда, дар соли ҷашни таърихии давлату миллат – 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор гардида истодааст.

Бояд қайд намуд, ки Рӯзи забон ва Иди касбии омӯзгорон ин ду калимаи муҳим  поягузори асолати миллӣ ва шоҳсутуни маърифату фарҳанги  халқи тоҷик  маҳсуб ёфта, бо ҳамдигар иртиботи зич доранд, зеро миллати тоҷик  бо фарҳанг  ва тамаддуни бисёрсолаи худ ифтихор  дорад ва ин ҳама арзишҳои  фарҳангӣ то замони мо маҳз тавассути забон ба ёдгор монда, ба воситаи забон шинохта шудаанд.

Дар арҷгузории забон ва посдории он нақши аҳли зиё, аз ҷумла омӯзгорон бағоят  бузург мебошад. Маҳз ба воситаи  фаъолияти омӯзгорон иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи забони давлатӣ” дар муассисаҳои  таълимӣ мавриди амал қарор гирифтааст. Омӯзгорон дар ҳамаи давру замон  тарбиятгар, мураббӣ  ва меъмори дунёи маънавии инсон  ҳаст ва боқӣ хоҳад монд, зеро омӯзгор шахсест, ки  олами ботинии инсонро  бо нури хирад равшанӣ  бахшида, дар ташаккули инсон хушахлоқӣ, соҳимбмаърифатӣ  ва бофарҳангӣ замина мегузорад.

Рӯзи забони давлаӣ яке аз  падидаҳои даврони Истиқлолият буда, барои ҳар як фарди меҳанпараст, худшиносу худогоҳ азизу муқаддас мебошад, – таъкид намудан Раиси ноҳия дар баромади худ.

Намояндаи Раёсати маорифи вилояти Суғд Зулфия Нурматова баромад намуда, паёми табрикотии Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба омӯзгорон расонид.

Сипас ба як қатор омӯзгорон Сипосномаи  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Сипосномаи Раёсати маорифи вилояти Суғд, Ифтихорномаи шуъбаи маорифи ноҳия ва Ифтихорномаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи ноҳия бо тантана супорида  шуд.

Дар охир барои болохотирии иштирокчиёни чорабини барномаи ҷалби фарҳангӣ пешниҳод карда шуд.

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code