Гусели даъватшавандагон.
Хабарҳо / 05.04.2019

                Чун анъана, баҳри иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори раиси ноҳия «Дар бораи даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1992-2001 ба хизмати ҳарбӣ» ба тасвиб расида, даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ оғоз гардид. Дар маросими гусели ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ баргузор шуда роҳбарони ташкилоту корхонаҳо, намояндагони Ҷамоатҳо, гурӯҳи сарбозони қисмҳои низомии дар ноҳия буда, хонандагони мактабҳо, падару модарон  ширкат варзиданд. Имрӯз барои адои қарзи фарзандӣ 80 нафар ихтиёриён аз ҳамаи Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ба хизмати Модар-Ватан омода шуда, сафи ихтиёриёнро пурра намуданд. Қайд бояд намуд, ки  сафи ин гуна ҷавонони ватандӯст мувофиқи ноҳия сол ба сол зиёд гардида истодааст. Дар рӯзи аввали гусел натиҷаи фаъолияти якҷояи масъулини соҳа, кумитаи маҳаллаҳо ва фаъолони деҳаҳои ноҳия назаррас мебошад. Маросими гусел бо гузоштани гулчамбар дар пояи муҷассамаи Сарбози Ватан ва суханронии раиси ноҳия Зиёзода Сулаймон ифтитоҳ шуд. Дар суханронии раиси ноҳия қайд гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи барномаҳои рушди Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва ҷиҳати ба мактаби воқеии омодасозии муҳофизони Ватан табдил додани ҷузъу томҳои низомӣ аз ҳамаи захираву имкониятҳо истифода менамоянд. Инчунин раиси ноҳия Зиёзода Сулаймон ба ҷавонони…