Натиҷабардорӣ аз семоҳаи аввали соли 2019
Хабарҳо / 12.04.2019

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маҷлиси ҷамъбасти семоҳаи аввали соли равон бо иштироки намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати тандурустӣ Мақсудзода Фаррух, муовинони раиси ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, роҳбарони корхонаю ташкилотҳои ноҳиявӣ, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сарварони муассисаҳои таълимию табобатии ноҳия, раисони хоҷагиҳои кишоварзӣ, раисони Шӯрои маҳаллаҳо ва имомхатибони ноҳия баргузор гардид. Муовини аввали раиси ноҳия Абдумалик Ҳодиев ба ҳозирин «Дар бораи натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии хоҷагии халқи ноҳия дар 3 моҳи аввали соли 2019» ахбороти муфассал дод. Аз ҷумла, қайд намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри дар сатҳи зарурӣ таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшида ба солҳо 2019-2021 «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» фаъолияташро ба роҳ монда, барои корҳои созандагиву бунёдкориро идома дода истодааст. Раиси ноҳия Сулаймон Зиёзода аз масъулини соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия барои иҷро гардидани дастуру супоришҳо, корҳои созандагиву бунёдкорӣ, таҷлили сазоворонаи ҷашнҳои миллӣ ва дигар масъалаҳо пурсон шуд. Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати тандурустии Мақсудзода Фаррух аз дастовардҳо изҳори қаноатмандӣ намуд. Барои иҷрои сарвақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон…

Баррасии Барномаи ташаккули тарзи ҳаёти солим.
Хабарҳо / 12.04.2019

Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ Иҷлосияи навбатии маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Деваштич бо иштироки муовинони раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, намояндагони ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, сарварони ташкилоту корхона, муассисаи таълимию тандурустӣ, кумитаи маҳаллаҳо, имомхатибон, баргузор гардид.  Иҷлосия бо тасдиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 2019, №1199 “Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Деваштич таъин намудани Зиёзода Сулаймон Ризоӣ” оғоз гардид. Аз рӯйи масъала “Дар бораи рафти иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд аз 29 декабри соли 2010, №417 “Дар бораи татбиқи Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим барои солҳои 2011-2020» муовини раиси ноҳия Бунафша Ғиёсиддинзода баромад намуд ва мавриди баррасии вакилон қарор гирифт. Инчунин доир ба масъалаи мазкур муовини менеҷери КАТС-и ноҳия К.Саидова,раиси Ҷамоати деҳоти Ваҳдат Н.Носиров ва менеҷери КАТС-и ноҳия Г.Баротова баромад намуданд. Аз ҷониби раиси ноҳия Сулаймон Зиёзода  аз масъулин пурсиш ба амал омада барои ҳалли муаммоҳо дастур дода шуд.