Тайи солҳои охир баъзе намояндагони созмонҳои дохиливу хориҷии аҳзоби сиёсӣ ва ҷунбишҳои ҷомеаи кунунӣ ба мақоми давлату миллати тоҷик сару садоҳои иғвогарона баланд мекунанд. Шахсону гурӯҳҳои алоҳида мехоҳанд бо дасисаву моҷаро бо ҳар роҳу восита вазъияти ороми ҷомеаро халалдор созанд. Сиёсат аҷаб бозиест, мушкил, лекин ин ҳодисаҳо ягон шахси ватандӯстро бетараф мононда наметавонад. Онҳо бо ин ақидаҳои номатлуби хеш мехоҳанд мафкураи инсонро заҳролуд гардонида, байни мардуми мусалмон низоъ андозанд. Магар онҳо намедонанд, ки фарди мусалмон дар кадом вазифае набошад, фарзу суннатҳои дини Исломро мепарастад. Зеро китоби муқаддаси мусалмонон дар тинату сирати инсон ҷо гирифта, ӯро ба роҳи нек ҳидоят месозад. Оё онҳо намедонанд, ки дар хонадони ҳар як мусалмон китоби «Қуръон» муқаддас дониста шуда, онро чун гавҳараки чашм нигоҳ медоранд? Онҳо магар намедонанд, ки ин китоб барои мо мусалмонон азиз ас? Ин ифротиён худ аз азиз будани дини Ислом ва китоби «Қуръон» ҳарф мезананду як умр Исломро дар ҳамон деги сиёсати ифлос меҷӯшонанд. Онҳо фарде ҳастанд, ки садоқату вафодориро намедонанд, ба қадри некиҳо намерасанд. Бо ақидаҳои нодуруст ва гуфторҳои бардурӯғи худ шахсоне, ки баҳри Ватан, ободиву созандагӣ сулҳу ваҳдат саҳмгузоранд, байни халқ айбдор сохтанианд. Онҳо бояд донанд, ки мардуми ватандӯсту сулҳпарвари тоҷик ҳеҷ гоҳ ба дасисаҳои бардурӯғу фитнаангез бовар намекунанд….
Кишвари босуботи мо баҳри ҳифзи амният, пешгирӣ ва мубориза бо падидаҳои номатлуби ифротгароиву идеологияи фитнаангез Стратегияҳои мукаммали миллӣ қабул гардидаанд, ки дар асоси он муқовимат бо экстремизму терроризм, савдои одамон ва дигар ҷиноятҳои вазнини хиёнат ба Ватан ба роҳ монда шудааст. Имрӯзҳо дар сомонаҳои интернетӣ наҳзатиёни фитнаангез худро гӯё бегуноҳ ҳисобида, мехоҳанд худро сафед кунанд, лекин ҳамаи мо он рӯзҳои мудҳиши солҳои 90-уми асри гузаштаро, ки ба сари мо хиёнаткорон оварда буданд, фаромӯш нахоҳем кард. Ба қавле, хоҷагони бурунмарзии онҳо хостанд, ки суботу оромии кишварро халалдор намуда, давлати тозаистиқлоли моро пора-пора кунанд. Аммо ин нақшаи сиёҳи онҳо амалӣ нагашт, зеро халқи тоҷик бо иродаи қавӣ ва хиради бузург тавонист, ки аз ин нохалафон таъриху фарҳанги худро ҳифз намояд. Фитнаангезиву иғвоҳои аъзоёни ҲНИ ва хоҷагони бурунмарзиашон наметавонад ба тафаккури мо таъсир расонад. Зеро имрӯз мо ҳама якдилу муттаҳидем ва баҳри ҳимояи Ватани маҳбуби худ ҳамеша омода ҳастем. Инак, вақти он расидааст, ки ҳар яки он хиёнаткорони Ватан барои гуноҳашон ҷавоб гӯянд. Зеро ҷанги шаҳвандии таҳмилӣ, ки бо нақшаи кашидаи фарзандони фурухташудаи тоҷик рӯйи кор омада буд, бо мушкилиҳои зиёд паси сар шуд. Дар ҷаҳони муосир бояд ҳар як фарди худшиносу худогоҳ, меҳанпарасту ватандӯст ҳамеша омодаи ҷавоб ба ин гуруҳу созмонҳои ифротгаро…