Бахшида ба таҷлили сазоворонаи Рӯзи Ғалаба дар қисмҳои ҳарбии 0214-и Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва 04533-и Қушунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи дар ноҳияи Деваштич буда, бо иштироки Раиси ноҳия Зиёзода Сулаймон ва роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи дар ноҳиябуда аёдати сарбозону афсарон баргузор гардид. Раиси ноҳия аз вазъи воқеии ҳардуи қисмҳои низомӣ аз наздик дидан намуд. Дар чорабинӣ раиси ноҳия Зиёзода Сулаймон кулли сарбозону афсарон ва ҳайати шахсиро ба Рӯзи Ғалаба муборакбод намуд. Аз ҷумла қайд карда шуд, ки Шумо ҷавонписарон дарси мардонагиву шуҷоатро дар айёми хизмати ҳарбӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт-дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани Ватанро аз худ менамоед. Боиси ифтихор аст, ки имрӯз ҷавонони Шумо худ дарк намудаанд, ки хизмат ба Ватан муҳимтарин қазри шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад. ҳамасола сафи ихтиёриён зиёд гардидааст. Инчунин худи ҳаминрӯз бо иштироки волидони сарбозон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ савгандёдкунии наваскарон низ доир шуд. Барои сарбозону афсарон барномаи фарҳангӣ ва дастурхони идона ороста шуд.
Чорабиниҳо бахшида ба таҷлили 74-умин солгарди Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо гузоштани гулчамбар ба пояи нимпайкараи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Урунбек Ёқубов оғоз гардид. Баъдан дар хиёбони Исмоили Сомонӣ таҷлили Иди Ғалаба бо иштироки Раиси ноҳия Зиёзода Сулаймон, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Осим Каримзода, иштирокчиёни ҶБВ, собиқадорони меҳнат, ҷанговарони байналмилал, иштирокчиёни садамаи Чернобил, барқароркунандагони сохти конститутсионӣ, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту корхонаҳо , муассисаҳои тандурустиву таълимӣ ва гуруҳи сокинои ноҳия ширкат варзиданд. Чорабинӣ бо гузоштани гулчамбар ифтитоҳ ёфт. Раиси ноҳия Зиёзода Сулаймон ҳамагонро бо ин санаи басо ҳаётан муҳим табрику муборакбод намуда, доири хизматҳои шоёни ҷанговарон суханҳои наҷибро вирди забон овард. Инчунин намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Осим Каримзода паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро ба саъми ҳамагон расонид. Баҳри болидахотирии иштирокдорон барномаи фарҳангии аҳли санъати ноҳия пешкаш карда шуд.
Ташкилоти террористӣ – экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ бо сарварии Муҳиддин Кабирӣ аз хориҷи кишвар дар паноҳи хайрхоҳони хориҷиашон истода, бо ҳар роҳу восита аз зери нохун чирк кофта, нисбати Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки рӯ ба тараққӣ ниҳода, ба сӯи ободкориҳо суботкорона пеш меравад, туҳмату буҳтони ғаразнок мезананд. Мардуми кишварамон шукронаи Истиқлолият, шукронаи ваҳдати миллӣ мекунанд, ки тӯли чоряк асри баъди Истиқлолият ба пешравиҳои калони иқтисодию иҷтимоӣ ноил шуда, дар ҳар деҳаву маҳалла бунёдкориҳо чунон босуръат пеш рафт, ки мислашро насли калонсол надида буд. Пас кадом чиз барои наҳзатиҳо боиси норозигист. Оё ин ношукрӣ нест, ки чунин давлату чунин шароитҳоро нодида гирифта ба ҷойи дар ободонию шукуфонии кишвар саҳм гузоштан даст ба дасисабозӣ мезананд? ҲНИ баробари ҳизбҳои дигар дар интихоботи порлумонӣ иштирок мекард, шароитҳои хуб дошт…. Аз тарафи ТТЭ ҲНИ, ки бозичаи дасти хоҷагони хориҷӣ буд, ҷиноятҳои зиёд содир шуданд. Саркардагони ҲНИ бо пуштибонӣ аз хоҷагони хориҷии худ маблағҳои калони гирифтаашонро бо мақсадҳои разилонаи тарҳрезишудаи онҳо масраф карда, вазъи орому осудаи ҷумҳуриро ноором карданӣ мешаванд. Аммо дигар ба мақсадҳои худ нахоҳанд расид. Зеро ҳаркӣ бадхоҳи халқу миллати хеш аст, оқибат хору зор хоҳад шуд. Ш. Ашӯров, омӯзгори МТМУ № 15, ноҳияи Деваштич