Шоми 19 май соати 20:30 як гурӯҳи зиндониҳое, ки бо содир намудани ҷиноят, аз қабили ҳамкорӣ бо “Давлати исломӣ”, пайравӣ ба ҳизбу созмонҳои террористиву экстремистӣ ва ифротгаро зиндонӣ гардидаанд, “бо ашёи тезу буранда” мусаллаҳ шуда бо нозирони маҳбас хостанд заду хурд намуда, аз зиндон гурезанд. Тибқи баёнияи Вазорати адлия зиндониён ба даъвати нозирони муассисаи ислоҳӣ оид ба қатъ намудани бетартибӣ итоат накарданд. Онҳо бо корду ашёи тези доштаашон ба кормандони муассиса ҳуҷум намудаанд. Аз ҷониби маъмурияти муассисаи ислоҳӣ чорахои катъи дида шуд ва ҳангоми ба низом даровардани реҷаи интизоми дохилӣ, дар байни маҳбусони хатарнок талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта шудааст. Бояд қайд намуд, ки муассисаи ислоҳии №3/2-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат воқеъ буда, маҳбусон бо баҳони муноқиша мехостанд аз зиндон гурезанд. Ҳангоми мусаллаҳ гардидану заду хурд ва гаравгон гирифтани нозирон бо ашёи тезу бурранда 3 нафар нозирони муассисаро ба қатл расониданд ва нақшаи гурехтани онҳо барбод рафт. Дар асл он шахсоне, ки ба қадри озодии хеш ва тинҷиву оромии Ватан нарасида даст ба ҷиноятҳои сангин заданд, алалхусус шахсоне, ки имрӯзҳо бо ҷурми хиёнат ба Ватан, ташкили гуруҳҳои террористиву экстремистӣ ва пайравӣ ба амалҳои онҳо ҷиноят содир намудаанд, на ҳамаи онҳо дар маҳбасҳо ислоҳ…