Табибон ҷисму ҷони одамизод
Хабарҳо / 07.05.2020

 Тавре мардуми сарбаланди кишвар огоҳанд, имрӯз саросари дунёро  вируси COVID-19 фаро гирифтааст, аз ҷумла дар Тоҷикистони азизи мо низ олудашавии одамон ба ин вабои аср ба қайд гирифта шуд. Ҳукумати кишвар тамоми тадбирҳоро роҳандозӣ намудааст, ки зудтар халқи сарбаланду меҳанпараст куҳанбунёд ва соҳибхиради тоҷик ин рӯзҳои сахтро паси сар намояд.