МАСЪАЛАИ ТАШАККУЛИ ИНСОН ДАР ТАЪЛИМОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Хабарҳо / 24.04.2021

Муқаддима Дарки воқеияти иҷтимоӣ, муайян кардани ниёзҳои мардум, масъалагузорӣ ва ҳаллу фасли онҳо аз рукнҳои асосии сиёсати давлатдорӣ мебошанд. «Тавре мебинем, ҳама гуна давлат як навъ муколамаро мемонад, машварат ҳам кӯшиши (stokhadzontai) ин ё он некӣ карданро дорад. Гузашта аз ин, аз ҳама бештар ва аз ҳама накуиҳо оне волотар аст, ки муҳимтарин бошад ва чунин муколама кулли самтҳоро дар бар гирад. Ана ҳамин муколама давлат ном дорад ё ин ки муколамаи сиёсист» (Аристотель. Политика. − М.: Рипол классик, 2010. − С. 24). Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ − Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат (26-уми январи соли 2021) ҳамин манзалатро дорад. Дар Паём муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти давлат – сиёсати иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, боз ҳам баланд бардоштани иқтидори мудофиавӣ ва таъмини амнияти давлатӣ, мубориза ба муқобили терроризм ва экстремизм мавриди таҳлил, арзёбӣ ва хулосабарорӣ қарор гирифтаанд. Илова бар ин, рушди фитрати инсонӣ, аз ҷумла, масъалаҳои таълим ва тарбияи омма, ташаккули хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ аз мавзӯъҳои калидии Паём маҳсуб мегарданд. Боиси қаноатмандист, ки зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар соҳаи мактаб ва маориф насли нав ба камол расид. Он дар кулли самтҳои ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии кишвар муваффақона фаъолият мекунад. Имрӯз ва…