Яке аз амалҳои нангини ташкилоти террористии наҳзати исломӣ дар солҳои навадуми асри гузашта кушта шудани шумораи зиёди олимону донишмандон ва умуман зиёиён буд. Дар хусуси чунин ҷиноятҳои мудҳиши наҳзатиҳо филмҳои мустанад ва гузоришҳои телевизионӣ ҳам намоиш дода шудаанд, ки дар онҳо шоҳидони он воқеаҳои хунин суханронӣ карда, террорҳою кушторҳои наҳзатиҳоро тасдиқ намудаанд. Мақсади асосии роҳбарияти ташкилоти террористию экстремистии наҳзатӣ аз куштори равшанфикрони тоҷик, дар ҷомеа ба вуҷуд овардани фазои тарсу ноумедӣ ва даҳшат буд. Бо ин гуна амалҳои палидона онҳо мехостанд вазъияти кишварро ноором сохта, ҳадафҳои шуми худ, яъне бо роҳи зуроварӣ ғасб кардани қудрати сиёсӣ ва тағйир додани сохти давлатдориро амалӣ кунанд. Мутаассифона, дар он замон аз дасти қотилони наҳзатӣ яке аз беҳтарин фарзандони миллати тоҷик – файласуфи забардаст, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон, арбоби шоистаи илми тоҷик, устод Муҳаммад Осимӣ ҳам ба қатл расонда шудааст.
Дар ҳар кишваре ки тассубу хурофот, нодонӣ, ҷаҳл ва бовармандӣ ба шаклҳои мухталифи истибдод зуҳур мекунанд, дар он сарзамин ҳеҷ ҳаққи озодӣ лабханд нахоҳад зад. Ин ба он маънист, ки озодиро танҳо инсонҳои соҳибдонишу вораста, ки бо кушишу талош ва ҷӯёӣ аз роҳи хираду андеша тавонистаанд худу ҷаҳонро шиносанд дарк карда метавонанд. Миллате, ки барои ӯ вақт ва умр арзише надорад, ӯ наметавонад моҳияти вуҷуди худро дар олами ҳастӣ ташхис бидиҳад. Ҳамчунин ҳеҷ гоҳ кушиш ба харҷ намедиҳад, то ҷойгоҳи худ ва ҷаҳони мавҷудро аз диди арзишӣ баррасӣ намояд, ӯ ҳеҷ замон тан ба фаҳми ҳақиқат нахоҳад дод. Қамве, ки афкори баста ва наандешидану бовармандиро бар шууру андеша тарҷеҳ медиҳад, ҳеҷ гоҳ ба ҳақиқати олами ҳастӣ даст нахоҳад ёфт, зеро ӯ хислати пӯёиву ҷӯёиро, ки асли моҳиятии инсонанд, маҳдуд карда ё аз он даст кашидааст.Инсон будан ин соҳиби хираду андеша ва тафаккури таҳлилӣ будан ва дар ин роҳ ҳамеша ҷӯёву пӯё будан аст. Вақте инсон хираду андеша тафаккури таҳлилиро аз даст дод, ё аз онҳо даст кашид, шояд махлуқи инсонмонанд аст, вале он чун бардае дар ихтиёри касон қарор хоҳад гирифт. Инсоне, ки наметавонад фаҳму дарки айнӣ аз ҷаҳон дошта бошад, ба тарзи табиӣ он аз кистӣ ва чистии худ,…