Бузургтарин неъмате, ки дар дунё арзи ҳастӣ мекунад, илму дониш ва фарҳангу маърифат аст. Мактабҳои миёнаву олӣ на барои он ифтихор мекунанд, ки чӣ миқдор шогирд тарбия кардаанд. Бо он фахр доранд, чӣ қадар шогирд тарбия кардаанд, ки барои мардум ва ҷомеа фоидабахш будаанд. Дар давлат бузургтар ва муқаддастар аз мактаб дигар муассисае вуҷуд надорад. Ва вуҷуд дошта ҳам наметавонад. Он чизе, ки дар ҷомеа ҳаст – сохти давлатдорӣ, сулҳу суботи имрӯзу оянда, рушду тараққиёт аз мундариҷа, муҳтаво, сифат ва натиҷаи кори мактаб вобаста аст. Ва «Мактаб нерумандтарин воситаи озод кардани инсон ва нерумандтарин воситаи ғулом кардани инсон мебошад. Дар давлати озод мактаб воситаи озод кардан ва дар ҷамъияти тафаккури маҳдуд воситаи ғулом кардани инсон аст» (В. Либкнехт). Муҳиммияти мактаб – аз ҳафт то ҳаждаҳ соли ҳаёти инсонӣ фурсати бунёди таҳкурсии ҳаёти боқимондаи одам аст. Дар мавриди фаъолияти мактаб гуфтан мушкил аст, ки чӣ дар ҷойи аввал меистад – таълим ё тарбия? Инҳо мафҳумҳои якдигарро пурракунанда мебошанд. Бе якдигар вуҷуд дошта наметавонанд. Дар ин маврид метавон баҳс кард. Лекин ба андешаи мо, дар ҳар ҳолат, тарбия дар ҷойи аввал меистад. Он мафҳуми полисемӣ, ҷамъбастӣ, хулосавӣ ва муайянкунанда аст. Таълим муҳимтарин воситаи системакунонӣ, асоснок намудан, тақвият бахшидани маънавияти инсонӣ, танзимгари ният…