Дар арафаи соли нави хониш дар муассисаи таълимии рақами 61-и деҳаи Лолазори ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич маросими ба истифода супоридани синфхонаҳои аз нав таъмиргардида баргузор гардид. Дар он Раиси ноҳия муҳтарам Ашуралӣ Ҷалилзода суханрони намуда, қайд намуданд, ки дар арафаи соли нави таҳсили 2024 -2025 дар муассисаи таълимии мазкур 6 синфхона ва 2 бинои маъмурӣ пурра аз таъмир бароварда шуд, ки он дар масоҳати 450 метри квадратӣ ҷойгир буда, барои таъмиру таҷдиди мактабу синфхонаҳо беш аз 300 ҳазор сомонӣ маблағ сарф карда шуд, синфхонаҳои муассиса бо кӯмаки молиявии муҳоҷирони меҳнатӣ ва шахсони саховатпешаи деҳа Юлдошев Улуғбек, Ҷӯраев Мурод, Турдиалиев Шавкат бунёд гардида, устоҳои деҳа, Муҳаммадиев Нӯъмонҷон, Ҳасанов Ғайрат, Отақӯзиев Шерматбек, Муҳаммадиев Азимҷон барои азнавсозии синфхонаҳо саҳми арзанда гузоштанд. Ин амали хайр барои беҳтар намудани шароити таҳсили хонандагон мусоидат намуда, дар оянда сатҳу сифати дониши хонандагон баланд хоҳад шуд. Бояд зикр намуд, ки дар муассисаи мазкур 482 нафар хонандагон таҳсил намуда, 36 нафар омӯзгорон фаъолият мебаранд.
Санаи 27 августи солӣ ҷорӣ дар деҳаи Файзободи Ҷамоати деҳоти Далёни Болои ноҳияи Деваштич бахшида ба ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як мактаби навбунёд мавриди истифода қарор дода шуд. Дар маросими кушодашавии мактаби мазкур Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Мадина Набизода, раиси иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоят Мусобек Самизода ва мушовири Президенти Академияи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Комилов Давлатҷон иштирок намуданд. Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода суханронӣ карда, ҳамаи хонандагону омӯзгоронро табрику шодбош намуда, сохта ба истифода додани муассисаи мазкурро дар арафаи Рӯзи Истиқлоли давлатӣ амали нек арзёбӣ намуд. Гуфта шуд, ки муассисаи мазкур 66-рақамгузорӣ шуда, бо харҷи 5 миллион сомонӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шахсони саховатпеша ва муҳоҷирони меҳнатӣ тариқи ҳашар сохта шуда, мавриди истифода қарор гирифт. Ин иқдом мушкилии сокинони деҳаро осон намуд. Зеро 240 нафар хонандагони деҳаи Файзобод дар муассисаи таълимии рақами 48-и деҳаи Арғуи шаҳри Истаравшан таҳсил мекарданд, ки он аз деҳа дар масофаи 3 километр дуртар ҷойгир буд. Бо бунёд гардидани мактаби нав мушкилиҳо бартараф гардид, ки ин муассиса дорои 8 синфхона ва 2 ҳуҷраи корӣ, ошхона ва майдончаи варзишӣ, 25 нафар кормандон, аз он 12 нафар кормандони педагогӣ ва 13 нафар кормандони техникӣ…