Имрӯз, 18 сентябри соли 2024 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҳти Раёсати раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Деваштич, даъвати шашум баргузор гардид. Дар иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Деваштич, даъвати шашум вакилони маҷлиси вакилони халқ, муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ноҳия, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони муассисаҳои таълимии ноҳия, роҳбарони бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои саломатӣ, раисони Шурои маҳаллаҳо, раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва имомхатибон иштирок доштанд. Инчунин, дар кори Иҷлосия намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят Аминҷон Абдуллозода иштирок намуд. Дар асоси рӯзномаи маҷлис масъалаҳои дар бораи рафти иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд аз 02.10.2023, №314 “Дар бораи татбиқи Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” дар ноҳия, ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Деваштич, даъвати шашум оид ба масъалаҳои масоили оила, занон ва пешгирии хушунат дар оилаи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Деваштич, даъвати шашум, ҳисоботи вакил аз ҳавзаи интихоботии “Бахт” №2 Равшаной Маъмурзода оид ба фаъолияти вакилиаш ва тасдиқи қарорҳои Раиси ноҳия мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз рӯи масъалаи…