Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия – 1 ҷой Талаботи тахассусӣ барои мансабҳои мутахассиси пешбар: – таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ; – 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ (барои мақомоти марказии ҳокиияти давлатӣ); – одобу ахлоқи шоиста, ҳиси балалнди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон; – донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ; – малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ; – малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилоотӣ. Маоши манабӣ 1485 сомонӣ, қабулшавӣ ба хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ. Сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия – 1ҷой Талаботи тахассусӣ барои мансабҳои сармутахассис: – таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; – 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ (барои мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ); – 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ (барои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот); – донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти…
18 сентябр дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич курси омӯзишии “Пайравони Пешвои миллат!” баргузор гардид. Дар он Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода, муовини раиси ноҳия Ганҷина Нуруллозода, кормандони бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ва масъулону кормандони шуъбаҳои дахлдори мақомот иштирок намуда, ҷавонони фаъолу лаёқатманд низ ҷалб гардиданд. “Саҳми Пешвои миллат дар рушду нумӯи Тоҷикистон” ин мавзӯи нахустини курси омузишӣ буд, ки раиси ноҳия онро баррасӣ намуда, аз кору фаъолият ва хизматҳои шоистаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳарф заданд. То ҷавонон аз таъриху ниёгони хеш огоҳ шуда, ба қадри тинҷиву озодӣ ва истиқлоли миллат бирасанд. Курси омӯзишии “Пайравони Пешвои миллат” дар асоси барқияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия ташкил гардида, барои баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва дар ин замина тарғиби арзишҳои миллӣ равона гардидааст. Давомнокии курси мазкур се моҳ буда, 23 мавзӯи дигар аз ҷони масъулону роҳбарон баррасӣ хоҳад шуд. Мақсад аз ташкили курси омӯзишӣ омода намудани кадрҳои ҷавон ба хизмати давлатӣ мебошад. То мушкилоти нарасидани кадрҳои ҷавон бартараф карда шавад. Бояд қайд намуд, ки дар ҷамъбасти курси омӯзишии “Пайравони Пешвои миллат” маросими супоридани шаҳодатнома ба таври тантанавӣ доир гардида, хатмкунандагони курси мазкур соҳиби…