19 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Фестивали асал, картошка ва анор иштирок намуданд. Меваҷот, сабзавот, ғалладонагӣ, биринҷ, хушкмева, асал ва дигар навъу намунаҳои маҳсулоти кишоварзиро заҳматкашони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба таври пирамида ва тасвирҳои гуногун ба намоиш гузоштанд, ки собитгари фаровонии ҳосил дар соли 2024 мебошад. Ба ҳолати якуми ноябри соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 теъдоди оилаҳои зарбӯри асал дар вилояти Суғд 578 оила зиёд карда шуда, ба 80 525 оила расонида шудааст. Дар 10 моҳи соли равон дар вилояти Суғд 1559 тонна асал истеҳсол шудааст. Роҳбари давлат таваҷҷуҳи масъулини дахлдори соҳа ва кишоварзонро ба истифодаи васеи имкониятҳои шаҳру ноҳияҳои кӯҳии вилоят барои истеҳсоли асал, баланд бардоштани маҳсулнокии занбӯр тавассути хушзоткунӣ, афзоиши истеҳсоли ин намуди маҳсулоти ғизоию табобатӣ ва муаррифии фазилатҳои асали Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҷалб карданд. Дар доираи “Барномаи маҷмуавии рушди бахшҳои чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳирпарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ барои солҳои 2023-2027” аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба занбӯриасалпарварони шаҳру ноҳияҳои вилоят 520 оилаи занбӯри асал ва 400 модарзанбӯри зотӣ барои баланд бардоштани маҳсулнокӣ ва беҳтар кардани зот дастрас карда шудааст. Ҳоло занбӯрпарвари соҳибтаҷриба Очилбой Ҳабибов 1000 оилаи занбӯри асал парвариш мекунад. Боз аз ҳамин ҳисоб ҳамасола 1000 оилаи занбӯри…
Дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» корхонаи «Сайри Суғд» -ро мавриди истифода қарор доданд. Корхонаи «Сайри Суғд» дар партави сиёсати хирадмандонаву бунёдкоронаи Пешвои миллат аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Мирзоҷон Умаров бо маблағи 23 миллион сомонӣ сохта шудааст. Корҳои сохтмонии иншооти мазкур моҳи январи соли ҷорӣ оғоз ёфта, дар он 15 нафар бинокорони маҳаллӣ ҷалб шуда буданд. Дар корхонаи «Сайри Суғд» бозичаҳои кӯдакона ва мотороллерҳои барқӣ истеҳсол карда мешаванд. Ҳаҷми истеҳсолот дар як моҳ 250 мотороллери барқӣ ва 20000 бозичаҳои кӯдаконаро ташкил медиҳад. Роҳандозии истеҳсоли ин гуна нақлиёт лорои манфиати зиёд аст, зеро ҳам талаботи мардум ба он афзоиш дорад ва ҳам аз ҷиҳати экологӣ барои ҳифзи покизагии муҳити зист судбахш мебошад. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар корхона 14 тамғаи мотороллерҳои барқӣ истеҳсол мешаванд, ки тамғаҳои мазкур бо иқтидори борбардорӣ ва дигар мушахассоти техникӣ фарқкунандаанд. Дар ҳолати кунунӣ 60 нафар дар ду басти корӣ фаъолият доранд ва тибқи нақша дар ояндаи наздик шумораи коргарон то ба 150 нафар расонида хоҳад шуд. Дар корхона технологияи зарурӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин насб шудааст. Ду дастгоҳи он, ки барои буридану насби қисмҳо…
19 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанд Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор дода, дар он бо шароити муосири хизматрасонии тиббӣ шинос шуданд. Бинои марказ аз 2 ошёна иборат буда, масоҳати умумии он дар якҷоягӣ бо саҳни ҳавлӣ 2276 метри мураббаъро ташкил медиҳад ва бо риояи меъёрҳои сохтмонӣ бо маблағи 5 миллиону дусад ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст. Корҳои сохтмонӣ дар маркази саломатӣ аз соли 2018 оғоз гардида, дар он зиёда аз 60 нафар мутахассисони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардиданд. Аснои шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар марказ ҷарроҳиҳои майнаи сар, мағзи сутунмуҳра, дил ва гурда бо роҳи эндо-ҷарроҳӣ ва ҳамчунин ҷарроҳии кушодаи амрози занона, эндо-протезкунонии бемориҳои ортопедӣ, табобати амрози асаб ва барқароркунӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ин муассисаи тиббӣ табибони баландихтисос, ҳамшираҳои тиббӣ ва кормандони миёнаи тиббӣ, дар маҷмуъ 50 нафар ба кор ҷалб шудаанд. Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳӣ бо таҷҳизоти томографияи магнитию-резонансӣ, томографияи компютерӣ, ангиография, рентгени рақамӣ, таҷҳизоти литотрипсияи нави муосир, даруннигарӣ, ташхиси ултрасадо, озмоишгоҳ, табобати физиотерапевтӣ бо намуди лазерӣ, магнитотерапия ва зарбаи мавҷӣ муҷаҳҳаз мебошад. Марказ дар як вақт имкон дорад, ки зиёда аз 40 нафар беморонро бо хизматрасонии босифат…
18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Бӯстон, Бобоҷон Ғафуров ва омодагии сокинони вилоятро барои истиқболи ҷашни бузурги миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷагирӣ карданд. Таъкид гардид, ки ба истиқболи ин ҷашни таърихӣ дар вилояти Суғд бунёду азнавсозии 12 ҳазор иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ба нақша гирифта шудааст ва аз ин шумора то имрӯз беш аз 8 ҳазору 200 ададаш сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки танҳо дар 10 моҳи соли ҷорӣ дар вилоят 52 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 16 ҳазор хонанда, 57 иншооти соҳаи тандурустӣ ва беш аз 2 ҳазору 300 километр роҳҳо бунёду таъмир гардид. Дар ин давра дар вилоят зиёда аз 55 ҳазор ҷойи кории нав таъсис дода шудааст. Масъулини вилоят вазифадор гардиданд, ки ислоҳи камбудиву норасоиҳои мавҷудаи сохтмонро таъмин намуда, ба бунёду таҷдиди иншооти нақшавӣ бо санъати баланди меъморӣ суръат бахшанд ва сифати корҳои сохтмонро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд. Гуфта шуд, ки барои амалӣ намудани ҳадафу нақшаҳои созанда дар солҳои истиқлоли давлатӣ ба вилояти Суғд аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои буҷети…