ЗАМИНҲОИ ЛАЛМИИ ДЕҲАИ ҚАЛЪАИ ДӮСТ ОБЁРӢ МЕШАВАНД
Хабарҳо / 11.04.2025

10 апрел Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода зимни сафари корӣ аз вазъи гузаронидани лӯлаҳои об барои обёрӣ намудани заминҳои лалмии саҳрои минтақаи Қалъаи Дӯст дидан намуд. Лӯлаи об аз ҳудуди деҳаҳои Овчӣ, Угук ва Басманда дар масофаи 21 км гузаронида шуда, дар назар аст, ки дар натиҷа 200-250 гектар замини лалмӣ бо оби полезӣ таъмин мегардад. Ин иқдом аз ҷониби соҳибкорон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва соҳибони ҳоҷагиҳои деҳқонӣ роҳандозӣ шуда истодааст. Раиси ноҳия аз рафти кор шиносоӣ пайдо намуда, бо яке аз ташаббускорони ин иқдом Эркабой Носиров, ки сокини деҳаи Қалъаи Дӯст мебошад суҳбат намуда, барои нақшаи саҳми арзанда гузоштан дар рушди соҳаи кишоварзӣ изҳори сипос намуда, оиди дуруст ба роҳ мондани фаъолияти минбаъда дастуру супоришҳо дод. Хушбахтона, ин гуна ташаббускорӣ ва иқдомҳои созанда дар ҳудуди ноҳия ба ҳукми анъана даромада, боиси дастовези арзанда ба пешвози ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мебошад.