23 апрели соли равон дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич бо иштироки Раиси ноҳияи Ашуралӣ Ҷалилзода бахшида Рӯзи ёдбуди бартарафкунандагони садамаи Нерӯгоҳи барқӣ- атомии Чернобил чорабинӣ баргузор гардид. Раиси ноҳия зимни суханронии хеш қайд намуд, ки дар бартарафсозии садама ва пешгирии ҳолатҳои фавқулодда 15 нафар ҷавонони шуҷоъ, аз ҷумла 1 нафар донишҷӯи мактаби милитсия, 13 нафар сарбоз, 1 нафар партизан саҳми арзандаи худро гузошта буданд Аз онҳо 13 нафар иштирокчиён ин садама дар қайди ҳаётанд ва 2 нафар вафот намудаанд. Зимни вохурӣ раиси ноҳия вазъи саломатӣ ва муаммоҳои ҳар яки онҳоро дар алоҳидагӣ пурсида шуд. Таъкид гардид, ки вожаи вазнини садамаи Нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернубил яке аз воқеаҳои мудҳаштарин буда, баҳри бартарафсозии садама ва пешгирии заҳролудшавии муҳити зист тамоми чораю тадбирҳои таъҷилӣ андешида буданд. Дар бартараф сохтани садама сокинони тамоми гӯшаю канори ҷумҳуриҳои собиқ иттиҳоди Шӯравӣ бо амри виҷдону иродаи қавӣ ихтиёран ба мавзеи паҳншавии ин фоҷиаи табии рафта, ба зарардидагон кӯмаку дастгирии амали расонидаанд. Дар як муддати кӯтоҳ садама бартараф карда шуда, сокинони гирду атрофи мавзеи Нерӯгоҳи барқи-атомии Чернобил ва маҳалҳои аҳолинишини наздики он бударо ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуданд. Таъбирҳои зиёди пешгирӣ аз заҳролудшавӣ пай дар пай гузаронида шудаанд, ки бори дигар дӯстию ҳаммаромии халқҳои ҷумҳуриҳои…
1.Мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия – 1ҷой Талаботи тахассусӣ барои мансабҳои мутахассис: -Таҳсилоти олӣ, олии нопурра ё миёнаи касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолнамуда мувофиқ; – донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлаӣ ва забони хоричӣ; – одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон; – малакаи хуби муошират; – малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилоотӣ. Маоши манабӣ 1218 сомонӣ, қабулшавӣ ба хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ. 2.Сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия – 1ҷой Талаботи тахассусӣ барои мансабҳои сармутахассис: – Таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолнамуда мувофиқ; – 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ (барои мақомоти марказӣ ва маҳалии ҳокимияти давлатӣ); – 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ (барои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот); – донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлаӣ ва забони хоричӣ; – одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиромнисбат ба ҳуқуқва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон; – малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ; – малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилоотӣ. Маоши манабӣ 1630 сомонӣ, қабулшавӣ…