Ҳамасола дар қаламрави ҷумҳурӣ 26 октябр ҳамчуни Рӯзи касбии кормандони мақомоти судӣ қайд карда мешавад. Ба ин муносибат дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич ҷамъомад баргузор гардид. Дар он Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода кулли кормандони мақомоти судиро бо иди касбиашон табрику муборакбод намуда ба ҳамаи онҳо сиҳативу саломатӣ, умри дарози бобаракат, хушбахтии оилавӣ ва дар фаъолияти пурмасъулу бошараф барору комёбӣ таманно намуданд. Раиси ноҳия қайд намуд, ки мақомоти судӣ яке аз ниҳодҳои муҳими давлатдорӣ мебошад, ки фаъолияти онҳо ба ҳифзи арзишҳои ҷомеаи демократӣ, таъмини адолати судӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона гардидааст. Таъкид карда шуд, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташаккули фаъолияти мақомоти судӣ дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар ноҳия заминаи мусоид фароҳам овард. Дар ин давра барои рушду таҳкими мақомоти судӣ якчанд барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ қабул карда шуд. “Бояд қайд намуд, ки мақомоти судӣ дар мамлакат яке аз қисматҳои муҳими давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, ба зиммаи кормандони он рисолати таъмини адолати судӣ вогузор шудааст ва онҳо ин рисолатро бо камоли масъулиятшиносӣ ба ҷо меоранд ва бо таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёди мутамаддин саҳми сазовор мегузоранд”, – иброз дошт Раиси ноҳия….
Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Нурободи Ҷамоати деҳоти Муҷун зиёда аз 5 км роҳи маҳаллӣ мумфарш гардид. Сокинони деҳаи Нуробод бо иҷрои корҳои ободонӣ тасмим доранд, ки ҷашнҳои милливу давлатиро дар сатҳи баланд истиқбол намоянд. Сокинон имрӯзҳо ба таври оммавӣ кӯчаву маконҳои умумиро тозаву озода намуда, барои ободонии маҳалли зист аҳлона меҳнат менамоянд. Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода зимни иштирок дар маросими ифтитоҳи роҳи маҳаллӣ ва суҳбат бо сокинони деҳаи Нуробод таъкид кард, ки имрӯзҳо бо дастгириву роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари мамлакатамон бунёдкориҳо ҷараён дошта, мардум баҳри истиқболи сазовори ҷашни миллӣ ҳаматарафа омодагӣ мебинанд. Чуноне зикр гардид, барои таҷлили шоистаи ҷашни таърихӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 585-бандро ташкил медиҳад, ки аз он 2 банд аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ, 5 банд вилоятӣ, 9 банд ноҳиявӣ, 42 банд бо ҷалби ташкилотҳои хориҷӣ, 42 банд хоҷагии деҳқонӣ, 485 банд аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ мебошанд. Қайд гардид, ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар ноҳия наздик 50 км роҳи ҳудуди ноҳия мумфарш карда шуд. Сокинон аз таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат нисбат ба рушди ноҳияи Деваштич, аз ҷумла Ҷамоати…