5 декабри соли 2025 дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Деваштич маҷлиси тантанавӣ ва чорабинии фарҳангӣ бахшида ба 31-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода баргузор гардид, ки дар он муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, собиқадорони ҳизбу меҳнат, вакилони Маҷлисҳои вакилони халқи маҳаллӣ, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, аъзои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, гирандагони стипендияи Президентӣ, ғолибони озмунҳову мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва дигар фаъолони иштирок доштанд. Пас аз садо додани Суруди миллӣ Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода ба сухан баромада, тамоми ҳизбиёни ноҳияро ба таҷлили бошукӯҳи Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табрик намуда, таъкид дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон худ зодаи истиқлол вп ҳадафи асосии он, тавре ки Оинномааш муқаррар намудааст, таҳкими соҳибихтиёрии давлат буда, кӯшишу ғайрат ва донишу идроки аъзояшро баҳри мустаҳкам намудани имтиқлоли сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар менамояд. Ҳамчунин қайд карда шуд, ки мардуми ноҳияи зебоманзари Деваштич низ аз рӯзҳои таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамқадам, ҳаммарому ҳаммаслаки ин ҳизб ва роҳбари сиёсатмадори он, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Айни…
Ҳамасола дар қаламрави кишвари азизамон 7-уми декабр – Рўзи кормандони мақомоти молия таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат 5 декабр бо ишироки Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Нахуст Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода кулли кормандони Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия ва собиқадорони соҳаро бо фарорасии иди касбӣ – Рўзи кормандони мақомоти молия табрику таҳният гуфта, барояшон тани баофият, хотири ҷамъ ва дар иҷрои вазифаи пурмўҳтаво ва бомасъулият комёбиҳо таманно намуд. Таъкид гардид, ки пешбурди сиёсати буҷету андоз, таҳияи буҷети давлатӣ, ҷараёни иҷроиши буҷет, назорати истифодаи маблағҳои буҷетӣ, маблағгузории саривақтии тадбирҳое, ки бо маблағгузории давлатӣ дар буҷет пешбинӣ шудаанд, ҳамчунин назорати фаъолияти штатию молиявии ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, хароҷоти босамар ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва ғайра аз вазифаҳои аввалиндараҷаи молиячиён маҳсуб мешаванд. -Саҳми кормандони Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич дар татбиқи сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешбурди сиёсати буҷету андоз, таҳияи буҷети давлатӣ, ҷараёни иҷроиши буҷет, назорати истифодаи маблағҳои буҷетӣ, хароҷоти босамар ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, дар сафарбар намудан ва самаранок истифода бурдани захираҳои молияи давлатӣ ҷиҳати ноилшавӣ ба ҳадафҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия хеле назаррас мебошад,-…
Муҳтарам кормандони мақомоти молия! Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамасола 7-уми декабр Рӯзи кормандони мақомоти молия таҷлил карда мешавад. Ба ифтихори ин санаи фархунда кулли кормандони Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, собиқадорони соҳа ва алоқамандони мақомоти молияро бо иди касбиашон табрику муборакбод мегӯям ва ба ҳамагон тансиҳативу хотирҷамъӣ, дастовардҳои беназири меҳнатиро орзу менамоям. Боиси қайд аст, ки кормандони мақомоти молияи нохия вазифаи хизматиашонро бо сарбаландӣ ба иҷро расонда, дар пешрафти хоҷагии халқ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинон саҳми назаррас мегузоранд. Дар натиҷаи тадбирҳои андешида пешбурди сиёсати молиявӣ ва ҷалби захираҳои истифоданашуда имконият фароҳам овард, ки иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети умумӣ ва маҳаллии нохия дар соли равон пурраву барзиёд таъмин гардида, корҳои ободониву созандагӣ дар нохия вусъати тоза пайдо намоянд. Боиси таъкид аст, ки вазифаҳои асосии кормандони мақомоти молия, пеш аз ҳама таҳким бахшидан ба ҷараёни татбиқи сиёсати буҷету андоз, таҳияи буҷети давлатӣ, ҷараёни иҷрои он, назорати қотеъонаи истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва маблағгузории саривақтии тадбирҳое мебошад, ки аз буҷети давлатӣ пардохт мешаванд. Аз ин лиҳоз, кормандони мақомоти молияро зарур аст, ки тибқи принсипҳои банақшагирии стратегӣ ва низоми байналмилалии баҳисобгирии молиявӣ минбаъд низ доир ба масъалаҳои интизоми молиявӣ, тақсимоти самараноки захираҳо, шаффофияту тобеият ва…
3 декабр Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода дар маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич бо гурӯҳи варзишгароне, ки дар Чемпианати ҷаҳон ва Осиё иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро соҳиб гаштанд, вохӯрӣ намуд. Раиси ноҳия зимни суханронии хеш варзишгаронро бо дастовардҳои навашон табрику муборакбодӣ намуда, қайд намуд, ки сиёсати давлатии ҷавонон дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳури қарор дошта, то ба имрӯз ҳар як иқдоми созандаи ҷавонон дастгирӣ ва фаъолияти ватандӯстонаву босамари онҳо ҳамеша қадр карда мешавад. Ҳамзамон қайд карда шуд, ки дар моҳи ноябри соли равон дар соҳаи варзиши ноҳия варзишгарони мо ба дастовардҳои зиёд ворид намуданд. Ҷоиз ба зикр аст, ки мутахассиси пешбари бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Кароматулло Қурбонов дар ҷемпианати ҷаҳон оид ба гӯштини камарбандӣ , ки дар шаҳри Абудабии Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор гардид, дар вазни 68 кг иштирок намуда, дар байни намояндагони 45 давлати ҷаҳон сазовори ҷойи сеюм гашта Парҷами Тоҷикистонро боло бардошт. Инчунин дар намуди варзиши Муай – тай бо роҳбарии мураббии шоистаи Чумҳурии Тоҷикистон Замир Юлдошев дар чемпионати Осиё , ки дар шаҳри Тошканти Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, варзишгарон Муҳаммад Сафаров соҳиби ҷойи дуюм, Мирҳусейн Оқилзода , Сино Хайруллоев ва Маҳмудҷон Мавлонзода соҳиби ҷойи сеюм гаштанд. Дар…
Субҳи 3 декабр бо мақсади сазовор истиқбол намудани варзишгарони ноҳияи Деваштич, ки дар Чемпионати Ҷаҳон ва Осиё сазовори ҷойҳои намоён гардида, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баланд бардоштанд, дар даромадгоҳи ноҳия чорабинӣ баргузор гардид. Дар маросим муовини раиси ноҳия Насрулло Файзуллозода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Мирсабур Абдуллоев, директори муассиса Назирҷон Комилов, мураббиён ва пайвандони варзишгарон иштирок намуданд. Муовини раиси ноҳия Насрулло Файзуллозода варзишгаронро бо ин дастоварди навбатӣ самимона табрик намуда, таъкид кард, ки ин муваффақиятҳо самараи давлати соҳибистиқлол, дастгирии ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ҳамзамон ба мураббиён барои заҳмати софдилона, роҳнамоӣ, тайёр намудани варзишгарони лаёқатманд ва баланд бардоштани нуфузи ноҳия дар арсаи варзиши байналмилалӣ изҳори сипосмандӣ карда шуд.
Тақсими туҳфаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон- шоҳасари безаволи ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ «Шоҳнома» дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд оғоз гардид. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич хабар доданд, тақсими ин туҳфаи маънавии беназир 27 ноябр аз ҷониби гурӯҳи корӣ оғоз ёфт. Зимнан, ин туҳфаи бебаҳо ба 37 ҳазору 609 хонадони ноҳия тақдим мегардад. Ёдовар мешавем, ки ин иқдоми наҷиб ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардидааст. Ҳадафи он, пеш аз ҳама, эҳёи ҳофизаи таърихӣ, густариши худшиносию худогоҳии миллӣ ва таҳкими эҳсоси ватандӯстию ватанпарастии мардум, бахусус наврасону ҷавонон мебошад. Шоҳасар дар ду ҷилд ва бо теъдоди 1 миллиону 700 ҳазор нусха нашр шудааст. АМИТ «Ховар»