Ҳамдиёрони азиз! Дар ин лаҳзаҳои идона ҳамаи Шумоёнро бо фарорасии Соли нави мелодии 2026 аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсан аз номи худам самимона табрик намуда, бароятон тансиҳатӣ, умри бардавом, бахту саодат, комёбиҳо ва рӯзгори ободро таманно менамоям. Соле, ки моро хайрбод мегӯяд, дар ҳаёти мардуми шарафманди ноҳия, чун тамоми мардуми кишвар фаромӯшнопазир боқӣ мемонад. Дар ҳақиқат, дар соли 2025 дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии мардуми ноҳия дигаргуниҳои куллӣ ба вуқуъ омаданд, ки ба пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ва беҳдошти рӯзафзуни рӯзгори мардуми ноҳия мусоидат кардаанд. Бузургтарин воқеаи сол барои мардуми мо дар соли сипаригашта ин ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳия мебошад, ки ба шарофати ин сафари корӣ чандин корҳои созандагию ободонӣ ба вуқӯъ пайваст. Ҳамчунин пешниҳод гардидани Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки мардуми шарафманди ноҳияи мо низ дар партави ин Паёми Пешвои миллат якдилона заҳмат кашида, садоқатмандии худро бо иҷрои нақшаҳои дурнамо нишон хоҳанд дод. Дар соли 2025-кишоварзони мо дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ саҳми муносибе гузошта, ҷиҳати истеҳсол ва содироти он ба нишондодҳои назаррас ноил гардиданд. Саноатчиёни ноҳия низ тавонистанд дар соли 2025 ғайратмандона меҳнат карда, ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолиро бештар…