Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуданд. Рамз дар шакли мудаввар таркиббандӣ ва бо ранги зарҳалӣ оро дода шуда, дар давродаври он ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ «Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва рақамҳои «1991-2026» навишта шудаанд. Дар маркази рамз акси «Маҷмааи Истиқлол», ки ифодагари эҳёи давлатдории миллӣ, нишона аз озодӣ, истиқлол ва рушди бомароми Тоҷикистон мебошад, ҷой дода шудааст. Дар пасманзари рамз ҷилои нури офтоб дар осмони соф акс ёфтааст, ки аз рӯшноӣ, сулҳу субот ва ояндаи дурахшони кишвар дарак медиҳад. Акси кӯҳу пиряхҳо, обу дарахтон ва сабзазоре, ки дар рамз ҷойгир аст, ишора ба ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба об ва ҳифзи пиряхҳо буда, ҳамзамон нишона аз иқлими сабз ва дорои захираҳои бойи табиии Тоҷикистон мебошад. Аксҳои роҳ, нақб ва нерӯгоҳ, ки рамзро мукаммал гардонидаанд, ифодагари дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва ҳадафҳои стратегии миллӣ мебошанд. Инчунин, дар паҳлуи рости рамз рақами 35 бо истифода аз рангҳои парчами давлатӣ ҷойгир аст, ки ишора ба соли ҷашн мебошад. Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва воситаҳои ахбори омма метавонанд аз рамзи тасдиқшуда васеъ истифода баранд. Рамзи ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар…
Ҳамватанони азиз! Фарорасии ҷашни бостонии Садаро ба кулли сокинони ноҳия табрику таҳният гуфта, ба ҳар хонадон дастурхони пур аз нозу неъмат, хайру баракат, хотирҷамъӣ ва дастоварду комёбиҳои беназир таманно дорам. Боиси ифтихор аст, ки дар баробари ба даст овардани истиқлоли давлатӣ Ҳукумати кишвар бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашну идҳои миллӣ дубора эҳё гардида, таҷлили онҳо дар сатҳи милливу давлатӣ барқарор гардид. Вобаста ба ин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки: «Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон, Тиргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат карданд» . Бояд қайд намуд, ки иди Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимии аҷдодони мо ба шумор рафта, рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид, ки мутобиқи солшумории мелодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31-уми январ рост меояд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун ойини оташпарастӣ ва бузургдошти Меҳр (офтоб) истиқбол гирифта мешуд. Сада дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнвораҳои аҷдодони мардуми мо қарор дошта, аз замони дуру дарози таърих маншаъ мегирад. Сада рамз ё пайки баҳор, айёми зебошавии табиат ва оғози кишту корӣ деҳқон мебошад. Ба…
10 январи соли 2026 дар маркази ноҳияи Деваштич – шаҳраки Ғончӣ ба сохтмони бинои маркази ҷавонони ноҳия санги асос гузошта шуд. Бинои мазкур дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва боло бурдани ҳисси худшиносию худогоҳии сокинон, баланд бардоштани ҳуввияти миллии ҷавонон ва дар доираи корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ободонӣ баён доштанд, аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич ва соҳибкорону ташаббускорони ватанӣ бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сифати баланд сохта ба истифода дода хоҳад шуд. Дар оғози корҳои сохтмонии иншооти мазкур Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода, намояндаи роҳбари гуруҳи корӣ дар ноҳияи Деваштич-муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтолиб Шокирзода ва сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Бахтиёр Исматзода иштирок намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки бинои нави Маркази ҷавонони ноҳия аз 3 ошёна иборат буда, тибқи лоиҳа аз хуҷраҳои корӣ, маҷлисгоҳ, толори варзишӣ ва дигар шароити зарурӣ барои ҷавонон фароҳам оварда мешавад. Лоиҳаи иншоот мутобиқ ба талаботи…