ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ АШУРАЛӢ ҶАЛИЛЗОДА БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ НАВРЎЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Хабарҳо / 21.03.2026

Ҳамдиёрони азиз! Бо камоли эҳтиром ҳамаи Шуморо бо фарорасии ҷашни Наврўзи байналмилал самимона табрику муборакбод гуфта, ба ҳамагон сиҳату саломатӣ, хотирҷамъӣ ва ба Ватани азизамон сарсабзию шукуфоӣ, баракату фаровонӣ ва сулҳу осоиши пойдор орзу менамоям. Мо ифтихор аз он мекунем, ки аз баракати соҳибистиқлолии Тоҷикистони азизамон ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни бузурги аҷдодиамон – Наврӯз бо тамоми расму суннатҳои деринаи худ эҳё шуда, дар саросари мамлакат таҷлил мегардад. Ҷашни Наврӯзи имсола низ ба худ шукӯҳу шаҳомати хосаро доро буда, дар соли ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки омили муттаҳидкунандаи халқи кишвари азизамон, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати милливу сарҷамъии мардум ва болоравии эътибору обрӯи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мегардад, таҷлил гардида истодааст. Ба хотири эҳёи унсурҳои наврӯзии хоси ҳар як минтақаҳои Тоҷикистон бо дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тӯли чанд сол аст, ки таҷлили Наврӯз дар деҳаю маҳаллаҳои ҷудогона ҷашн гирифта мешавад, то ки суннат ва оинҳои қадимаи ҳамаи ҳавзаю минтақа дубора эҳё карда шавад. Ҷашни Наврӯз, ки имрӯзҳо ба хонадони ҳар як сокини кишвари азизамон бо қадамҳои сабзу баҳоронаи худ, ба меҳмонӣ омадааст, дар ҳақиқат дар байни расму оинҳо куҳантарин ва азизтарин суннатҳои миллӣ…