Деваштич-таҷлили Наврӯз.

01.04.2019

print
Наврӯз ин бедоршавии табиат, оғози кишту кор мебошад. Ҳамасола Наврӯз бо як хусусияти ба худ хос дар тамоми манотиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Маврид ба ёдоварист, ки имсол бо иштироки як қатор меҳмонон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ризо Шодӣ, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Мирзоқосим Каримов таҷлили Наврӯз дар ноҳияи Деваштич бо шукуҳу  шаҳомати хоса таҷлил гардид. Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки меҳмонон ба якқатор собиқадорон туҳфаҳои идона супорида шуд. Баъдан меҳмонон  аз хаймаҳои Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, намоиши ҳунарҳои дастӣ ва бозиҳои миллӣ дидан намуданд.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Деваштич Зиёзода Сулаймон Ризоӣ ба сухан баромада, ташрифи меҳмононро ба ноҳия хайру мақдам намуд. Инчунин аз рафти корҳои ободонии минбаъдаи ноҳия ҳарф зада кулли сокинонро бо Наврӯзи хуҷастапай муборакбод намуд. Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Назарзода Ризо Шодӣ аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд  Мирзоқосим Каримов аз номи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҳамаи сокинони ноҳияро бо ҷашни Наврӯзи байналмилал таҳният гуфтанд.

Ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия бо барномаи рангин, савту суруд ва рақсҳои ҷолиби хеш ба ҳамагон руҳу илҳоли тозаи идона бахшиданд. Дар охир аз номи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Зиёзода С.Р. барои санъаткорон дастагуле ҳадия карда шуд.

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code