Мулоқот бо донишҷӯён.

18.04.2019

print
Тибқи нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд вохӯрии раиси ноҳия Сулаймон Зиёзода бо донишҷуёни Донишгоҳу донишкадаҳои олӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе таҳсил менамояд баргузор гардид. Мулоқот дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур бо иштироки гуруҳи меҳмонон ва шахсони барӯманди ноҳия, ки дар маркази ҷумҳурӣ кору фаъолият менамояд аз ҷумла вакили МНМО Исмоилзода Зуфар, Латофат Кенҷаева ва Зулфия Атоӣ доир гардид. Мулоқотро муовини Маҳмадёрзода Усмон ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Маҳмадёрзода Усмон ифтитоҳ намуд.
Раиси ноҳия Сулаймон Зиёзода зимни баромад аз донишҷӯён даъват ба амал оварда қайд намуд, ки аз Шумо донишҷуён мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия умедвории басо муҳим дорад. Зеро ҳар яки Шумо баъди хатми донишгоҳ соҳиби маълумот гардида, баҳри пешрафти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия саҳми арзандаи худро хоҳед гузошт.
Инчунин барои донишҷуёни кабизоат ва ятим кӯмакпулии яквақта ва барои донишҷуёни фаъол Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия супорида шуд.

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code