Қадршиносии Чернобелчиён.

25.04.2019

print

Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич мулоқоти раиси ноҳия Сулаймон Зиёзода бахшида ба ёдбуди хотираи бартарафкунандагони садамаи Чернобел баргузор гардид. Раиси ноҳия Сулаймон Зиёзода ҳамаи иштирокчиёни садамаро табрик намуда, барои хизматҳои онҳо миннатдории хешро изҳор намуд. Инчунин қайд гардид, ки барои дар руҳияи баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худшиносии миллӣ тарбия намудани насли наврас хизматҳои Шумо ҳамчун мактаби бузурги ҷасорату мардонагӣ ба ҳисоб меравад.
Раиси шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат Даврон Эргашов барономад намуд. Инчунин аз номи ҳамаи чернобелчиён А.Ғаффоров барои ғамхориҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории самимии хешро изҳор намуд. Инчунин барои қадршиносии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ки ҳамасола доир мегардад арзи сипос кард.
Ба иштирокчиёни садамаи Чернобел медалҳои ҷашнӣ, мукофотҳои пулӣ, тӯхфаҳои хотиравӣ ва дастурхони идона ташкил карда шуд.

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code