Таҷлили Рӯзи Ғалаба

09.05.2019

print

Чорабиниҳо бахшида ба таҷлили 74-умин солгарди Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо гузоштани гулчамбар ба пояи нимпайкараи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Урунбек Ёқубов оғоз гардид. Баъдан дар хиёбони Исмоили Сомонӣ таҷлили Иди Ғалаба бо иштироки Раиси ноҳия Зиёзода Сулаймон, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Осим Каримзода, иштирокчиёни ҶБВ, собиқадорони меҳнат, ҷанговарони байналмилал,  иштирокчиёни садамаи Чернобил, барқароркунандагони сохти конститутсионӣ, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту корхонаҳо , муассисаҳои тандурустиву таълимӣ ва гуруҳи сокинои ноҳия ширкат варзиданд.

Чорабинӣ бо гузоштани гулчамбар ифтитоҳ ёфт. Раиси ноҳия Зиёзода Сулаймон ҳамагонро бо ин санаи басо ҳаётан муҳим табрику муборакбод намуда, доири хизматҳои шоёни ҷанговарон суханҳои наҷибро вирди забон овард. Инчунин намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Осим Каримзода паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро ба саъми ҳамагон расонид.

Баҳри болидахотирии иштирокдорон барномаи фарҳангии аҳли санъати ноҳия пешкаш карда шуд.

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code