М. Садриддин матлаби навбатиашро ба масъалаи Радиои Озодӣ бахшида, дар ростои сафари Президенти Тоҷикистон ба Аврупо лафзпардозӣ ва ҳангомасозӣ кардааст.
Ҳар замоне ки барои огоҳӣ ёфтан матолиби расона ва пойгоҳҳои иттилоотию таҳлилиро мурур мекунем, дар баробари дарёфти иттилооти нофеъ, ба сели таҳқиру тавҳиноти пуриддаотарин матлабнависи наҳзатӣ ҷаноби М. Садриддин мувоҷеҳ мегардем. Ростӣ, ҳазорон маротиба худро муваззаф сохтем, ки дигар ба ин навъ матолиб посух надиҳем ва нодида бигирем, намешавад. Агар сукут ва хомӯширо ихтиёр кунем, ин тоифа ҳазорон тамғаи дигар, мисли “фабрикаи ҷавоб”-ро бар гарданат мезананд. Ногуфта намонад, ки ҳар кӣ алайҳи мутолиботи ин тудаи бадхоҳ чизе интиқодӣ бинависад, ҳатман тамғаи “фабрикаи ҷавоб”-ро мезанандаш. Бигзор, ифротиёни наҳзатӣ танҳо шумо ҳаққи интиқодоту таҳқиротро доред? Дигаронро ҳам бигзоред, то дар нисбати матолиби интиқодиатон чизе нақдгуна интишор бидиҳанд. Ба ин манзур, ба матлаби ахирии М. Садриддин иҷмолан посух медиҳем, ки чанд соати пеш дар сомонаи “Ислоҳ.нет”мунташир шудааст.
Кафкпаронию иддао ва манманиҳои М. Садриддин ба ин мазмун, ки: “бахши бузурге аз ҷамъияти Тоҷикистони кӯчак” будан ва “дар дохил ҳаводор ва ҳам дар Урупо фаъолияти озодона дорем ва мо оппозитсияи ин режими диктотур ҳастем” дигар ҳадду канор надоранд ва ӯ мисли ҳарвақта аз неруи ба истилоҳ, оппозитсионӣ тавсифу тамҷид мекунад ва ба қавли мардумӣ: “ба осмони ҳафтум мебарорад”. Ӯ дар ҳоле интиқодоти шадидуллаҳни худро дар самти сиёсати диктотурӣ рӯйи сафаҳоти пойгоҳи хабариаш мерезад, ки рӯйи диктотури исломи сиёсӣ тамаркуз ва хомафаросоӣ мекунад. Неру ва ин ташаккулаи сиёсие, ки М. Садриддин дар листи он қарор дорад, дар асл, диктотурист. Ботин ва сиришти афроде, ки бар мабнои исломи сиёсӣ бебаркаш даъвою иддао мефурӯшанд, сад дар сад диктотурист. Ҳарфу алфози қабеҳе, ки аз забони М. Садриддин “метаровад”, магар ба диктотурӣ иртибот надоранд? Тафовут танҳо дар ин аст, ки ин неруи оппозитсонӣ, ки бар асоси исломизм ё исломи сиёсӣ маъракагирии сиёсию идеологӣ ҷур кардааст, дар Аврупо ниёзу даъвиҳои салтанатхоҳию диктотуриашро дар либоси демукросӣ ва либеролизм пинҳон сохтааст ва мунтазири вазъият ва фурсати хуб мебошад. Гумон мекунам, ки як гурӯҳ созмонҳои байналмилалӣ ҳамеша аз ин навъ чолишҳо суд ҷуста ва меҷӯянд. Дар ин миён ПМТ ва созмонҳои ба он марбуту наздик, ки имрӯз сарбаландона худро “оппозитсия ва неруи бузурги миллӣ” унвон дода, аз ҳисоби сармояҳои баъзе доираҳои минтақавӣ ва ғарбӣ дар Аврупо фаъолияти сиёсӣ ва минбардорӣ мекунанд. Муҳимтар аз ҳама, онҳо ҷузъи пружаҳои вежаи сиёсӣ буда, аҳдофу эҳтиёҷоти геополитикии созмонҳои манфиатдори аврупоиро бароварда месозанд. Аз ин лиҳоз, ҳар як гурӯҳи мухолиф бо даъвигариҳои барзиёд ва ба- чолишкашиҳои мудавоми масоили сиёсӣ, иқтисодӣ, ахлоқӣ, маданӣ ва амсоли инҳо аз худ дарак медиҳад ва мунтаҳо, нақша-барномаҳои махсуси ҳориҷиро иҷро мекунад. Дар умум, ин навъ даъвию чолишҳо боиси ноҷурию бесуботӣ дар минтақаҳои мавриди назар мегарданд.
Масъала ё ба истилоҳ, қазияи Радиои Озодӣ ин қадар М. Садриддинро нигарон сохтааст, ки онро мушкилӣ худ дониста, бар алайҳи ҳукумат метозад. Албатта, ки М. Садриддинро вазъи озодии мамлакат ҳеҷ нигарон намесозад ва Радиои Озодиро танҳо ба он хотир пуштибонӣ мекунад, ки нисбат ба фаъолиятҳои ПМТ ва тими мухолифин матолиби интиқодӣ интишор намедиҳад. Ва воқеият ҳам ҳамин аст, ки Озодӣ ба ин масоил (интиқоди тими наҳзатӣ) худро даргир намесозад ва то имрӯз ҳеҷ матолибе интишор надодааст, ки характери интиқодӣ ва таҳлилӣ дошта бошанд. Бинобар ин, масъалаи муҷаввиз надодани чанд корманди радио барои М. Садриддин “доғ” шудааст.
Бигзарем, баъзе масъулин ва матлабнависони бахши тоҷикии дафтари “Озодӣ” ҳам аз ҷурму гуноҳ мубаррою муназзаҳ нестанд ва онҳоро “мусичаи бегуноҳ” ҷилва додани М. Садриддин ҳатман сирре дорад. Дигар ин ки то ҷое бахши тоҷикии Радиои Озодӣ аз маҷрои худ бурун рафта, ба ҷойи фароҳам овардани шароити ҳамзистӣ ва рушду тавсеа додани фазои бози фикрию иттилоотӣ ба парокандани иғвою дасисаҳои навбатӣ иштиғол меварзад. Бар илова, Озодӣ ба пуштибонии М. Садриддин ва афроде мисли ӯ ниёз надорад ва мушкилоти он дар доираи қонунгузорӣ имрӯз не, фардо ҳаллу фасл мегардад. Мусалламан, дар тамоми дунё бархӯрдҳои давлатӣ бо расонаҳо ба назар мерасанд ва талаботи низоми давлатдории дунявӣ ҳамин аст. Аммо аз як масъалаи кучак қазияи бузург сохтан танҳо ба формати фаъолиятҳои гурӯҳҳое иртибот мегирад, ки ҳатман ният ва ҳадафи муғризонаеро дунбол мекунанд.
Фаридун Ориёӣ
Шарҳ нест