Фарҳанг домони густурдаву васеъ дорад ва ҷомеъаҳое, ки такя ба фарҳанг доранд дар тамоми ҷодаҳо муваффақ ба назар мерасанд. Ин гуфтаро дар таҷрибаи ҳаётии давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон дидан мумкин аст.
Агар ба гузаштаи миллати тоҷик диққат намоем аз рўи сарчашмаҳо маълум мегардад, ки дорои фарҳанги волову пурѓановат буда, баъзе аз ананаҳояшон то ба замони мо омада расидаанд. Аммо қисми зиёдашон бо таъсири омилҳои бегона ва лашкаркашии қавмҳои гуногун аз байн рафтанд. Мисол агар танҳо як хатро гирем дар гузаштаи миллати тоҷик чандин намуди хатҳо вуҷуд доштаанд, аммо бо мурури замон аҳамияти худро гум карда, аз байн рафтанд. Бо вуҷуди он ҳама тохтутозҳое, ки бар сари миллати тоҷик омад, лек аҷдодони мо ҷонашонро фидо сохтанду рукнҳои асосии фарҳанги миллӣ: хат, забон ва санъати худро нигоҳ доштанд ва ба мо меърос гузоштанд.
Мо ҷавонон пеш аз ҳама ифтихор аз он дорем, ки имрўз миллати тоҷик баъд аз ҳазорон сол боз аз нав соҳиби давлат ва фарҳанги волои худ гаштааст ва ин боиси ифтихору сарфарозии кулли мардуми тоҷик бояд бошад, зеро дар ин давраи пур аз ҷангу ҷадалҳое ки миллати тоҷик аз сар гузаронид ба даст овардани фарҳанги миллӣ ва истиқлолӣ миллӣ кори саҳл нест. Аз ин рў вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар, хусусан ҷавонон аст, ки ба қадри ин неъмат бирасанд ва барои пос нигоҳ доштан ва инкишоф додани он саҳми арзишманди худро гузоранд. Ба андешаи коршиносон барои пос доштан ва рушди фарҳанги ҷавонон нақши аввалиндараҷа доранд. Зеро бунёдгузор ва нигоҳдорандаи фардои фарҳанги миллӣ маҳз ҷавонон маҳсуб меёбанд. Аз ин рў ҳар як ҷавони имрӯзи ватанро мебояд, ки таърих ва фарҳанги гузаштаи худро омўзаду аз он ба хубӣ бархўрдор гарданд, то ки ба қадри он ҳама арзишҳои фарҳангие, ки то ба мо омада расидааст бирасанд.
Албатта доираи фаҳмиши фарҳанг хело васеъ буда, он фарогири зиндагии ҳаррўзаи мо мебошад. Аз ин рў дар замони муосир тамоми мардуми сайёра ба масъалаи омўзиши он диққати махсус зоҳир менамоянд. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки фарҳанг ҳастии миллат аст ва бе инкишофи фарҳанг давлат аз нигоҳи иқтисодӣ пеш рафта ва сатҳи зиндагии мардум низ наметавонад рушд кунад.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ Ҳукумати кишвар махсусан Сарвари давлат нисбати фарҳанг ва арзишҳои миллии он диққати махсус дода, дар ин самт иқдомҳои зиёдеро роҳандозӣ намуданд. Қабули қонуни ҶТ «Дар бораи фарҳанг», қонун дар бораи «Забони давлатӣ» Эълон намудани иди Наврўз» ҳамчун иди байналмилалӣ, қайд намудани «Рўзи фалак», «Иди меҳргон», «Рўзи китоб» ва дигар чорабиниҳои сатҳи баланд далели ин гуфтаҳост.
Инчунин дар ин самт бунёди иншоотҳои гуногуни фарҳангӣ Осорхонаи миллӣ, ки дар он ёдгориҳои беназир ва қадимаи ин миллати куҳанбунёд ба маърази тамошо гузошта шудааст. Воқеан ин як иқдоми неки ҳукумати мамалакат ба хотири пос доштани фарҳанги миллӣ мебошад, ки мо бо ин васила метавонем маданияти гузаштаи халқи тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем. Иқдоми дигари ҳукумати кишвар таъсиси Китобхонаи миллӣ аст, ки он бори дигар собитгари адабиёти бою рангин, нависандагон, шоирони бузургу тавонои тоҷикон мебошад. Дар ин самт бунёди марказҳои фарҳангӣ, муассисаҳои фарҳангӣ, ва раванди сохтмони Театри миллӣ дар кишвар ки бо ибтикори худи Пешвои миллат ба он оѓоз бахшида шуд гувоҳи он аст, ки ҳукумати кишвар ва махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати инкишофу пойдории фарҳанги миллӣ таваҷҷуҳи хоса доранд ва дар яке аз суханрониҳояшон зикр карда буданд: – «Мо ба ҷавонони кишвар ҳамчун нерӯи фаъолу боғайрат, ташаббускору созанда эътимоди зиёд дорем ва дар раванди бунёди ҷомеаи демократӣ ва ободу пешрафта ба онҳо такя мекунем».
Ҷавонон, ки посдоранда ва инкишофдиҳандаи фарҳанги миллӣ мебошанд, дар баробари он ҳама иқдомҳои некхоҳонае, ки Сарвари давлат нисбати ҷавонон доранд мутаасифона, имрӯзҳо чун ба мушоҳида мерасад ҷавононе ҳастанд, ки на танҳо арзишҳои фарҳангиро поймол мекунанд. Балки ба рукнҳои асосии фарҳанг диққат надода, нисбати забон ва хат беэҳтиромӣ зоҳир мекунанд. Дар вақти суханронӣ калимаҳои қабеҳ ва бегонаро ба ин забони ноб омехта месозанд. Ичунин ба омузиши Забони давлати кам таваҷҷуҳ доранд ва аз таърихи гузаштаи худ хуб огоҳ нестанд, ки ин ба фарҳанги волои худ давлате чун Тоҷикистон рў ба инкишоф бе таъсир буда наметавонад. Албатта дар ин баробар кам нестанд ҷавонони худшиносу ватандўст, ки нисбати арзишҳои миллӣ таваҷҷуҳи хоса доранд ва аз онҳо ба хуби бархурдоранд, аммо дар ин даврае ки ҷаҳонигарои дар ҳоли рушд қарор дорад ва таъсири омилҳои бегона хеле зиёд аст. Фарҳанги миллии давлатхои хўрд дар ҳоли хатар қарор доранд моро мебояд нисбати арзишҳои миллии худ махсусан ҷавонон диққати аввалиндараҷа дошта бошем, зеро аз андак ноустувории мо метавонанд ба хуби истифода намоянд. Ба андешаи ҷомеашиносон дар ин раванд давлатҳои абарқудрат мехоҳанд фарҳанги худро болои давлатҳои хурд ва аз нигоҳи иқтисоди кафомонда бештар талқин кунанд ва онҳоро аз фарҳанги аслиашон дур созанд. Аз ин рӯ махсусан ҷавонон бояд дар ин самт зиррак бошанд ва нисбати фарҳанги миллии худ эҳтиром дошта бошанд то тавонанд онро пос доранд.
Ҳасанҷон АЛАМШОЕВ
рўзноманигор
Шарҳ нест