Нуқтаи бақайдгирӣ дар заминаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 ҷойгир буда, хоҳишмандон имкон доранд то санаи 30-юми апрел бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз қайд гузаранд.
Довталабон дар доираи як гурӯҳи ихтисосҳо ҳуқуқи интихоби то 12 комбинатсияи ихтисосҳоро вобаста аз муассисаҳои таълимӣ, шакли таҳсил (рӯзона, ғоибона, шабона, фосилавӣ) ва намуди таҳсил (ройгон, пулакӣ) дорад.
Барои хоҳишмандони иштирок дар ИМД-2020 тавсия дода мешавад, ки ҳангоми бақайдгирӣ дар интихоби ихтисосҳо, муассисаҳои таълимӣ, шакл ва намуди таҳсил, ҷобаҷогузории бартарии интихобҳо (яъне дар ҷойи 1 ум гузоштани комбинатсияи ихтисоси бештар писанд ва ба ҳамин тартиб то 12 ум), забон ва макони имтиҳонсупорӣ, макони фиристодани даъватнома ва ғайра ба хато роҳ надиҳанд ва пеш аз ҳозир шудан ба нуқтаи бақайдгирӣ интихобҳои худро муайян кунанд.
Арзиши хизматрасонӣ дар ИМД-2020 барои як довталаб чунин муқаррар карда шудааст:
1) 210 (дусаду даҳ) сомонӣ – марҳалаҳои асосӣ ва иловагии бақайдгирӣ барои иштирок дар ИМД ва марҳалаи иловагии азнавбақайдгирӣ барои иваз кардани интихобҳои аввалия;
2) 25 (бисту панҷ) сомонӣ – марҳалаи асосии азнавбақайдгирӣ барои иваз кардани интихобҳои аввалия
Лозим ба қайд аст, ки шахсони зерин аз пардохти маблағи муқарраршуда озоданд:
– ятимони кул ва бепарасторони то 21-сола;
– маъюбони гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм ва “кӯдакони маъюб”-е, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд.
Хамчунин шахсони зерин барои иштирок дар ИМД 2020 аз маблағи муайяншуда танҳо 50 %-ро, яъне – 105 (яксаду панҷ) сомонӣ пардохт мекунанд:
– шахсони то 21-солае, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд;
– маъюбони гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм ва “кӯдакони маъюб”.
Падару модарон бояд ҳангоми бақайдгирӣ, бахусус аз ихтисосҳо, муассисаҳои таълимӣ, шакл ва намуди таҳсилро интихоб кардани фарзандонашон ноогоҳ набошанд.
Хотиррасон менамоем, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок дар ИМД ихтиёрист, вале гирифтани таҳсилоти миёна ё олии касбӣ ба ҳар як шахс дар ҷаҳони муосир барои соҳибмаълумоту соҳибкасб гардида, пайдо кардани ҷойи кори мувофиқ ва мақоми арзанда дар ҷамъият муҳим аст.
Маориф Деваштич
Шарҳ нест