Субҳи 22 ноябр сокинони касбу кори гуногун ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳия роҳпаймоии идона барпо намуданд. Дар чорабинии мазкур Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мудири шӯъбаи дин ва танзими ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Илҳом Худойдодзода, намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ноҳия, кормандони муассисаҳои давлатӣ, собиқадорони меҳнат, омӯзгорон, варзишгарон, ҷавонон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд. Ҷоиз ба таъкид аст, ки Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи муҳими давлати соҳибистиқлол, нишонаи ҳаёти осоишта, ваҳдат, сарафрозӣ ва ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандўстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст. Шоистаи таъкид аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон Парчами давлатиро ифодагари ваҳдату ягонагӣ, бахту саодат, дӯстию рафоқат ва волотарин орзуву омоли худ медонанд, зеро парафшонии парчам барои дар рўҳияи ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ тарбия намудани аҳли ҷомеа, бахусус насли ҷавон нақши бориз дорад. Боиси ифтихор аст, ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 30 августи соли 2011 дар арафаи ҷашни 20 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти мамлакатамон…
Ҳамасола дар саросари кишвари азизамон санаи 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад. Ба ин санаи фархунда, яъне 22-ноябри соли 2025 дар Қасри фарҳанги ба номи Абӯабдулоҳи Рӯдакӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мудири шӯъбаи дин ва танзими ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Илҳом Худойдодзода, муовинони раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, собиқадорону фаъолон, омўзгорон, хонандагон, гирандагони стипендияи Президентӣ ва стипендияи Раиси ноҳия иштирок намуданд. Чорабинӣ ба толор даровардани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Нахуст, Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода баромад намуда, кулли ҳамдиёнро бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуданд. Раиси ноҳия таъкид намуданд, ки эълон гардидани Истиқлолияти давлатӣ таҳрир ва қабули рамзҳои давлатӣ, ки ифодагару инъикоскунандаи Истиқлол мебошанд, ба миён овард. Мавриди зикр,аст, ки санаи 24-уми ноябри соли 1992 Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъаларо “Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мавриди баррасӣ қарор дод ва…
Ҳамдиёрони азиз! Бо эҳтиром ва самимияти хосса кулли бо эҳтиром ва самимияти хосса кулли сокинони ноҳияро бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ буда, ифодакунандаи рамзи Истиқлол ва соҳибихтиёрии кишвари азизамон мебошад, табрику муборакбод менамоям. Ҷашн гирифтани Рӯзи Парчами давлатӣ барои ҳар яки мо боиси ифтихору сарфарозист. Парчамдори, ки ба шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё гардид, барои миллати фарҳангдӯсту соҳибтамаддуни тоҷик суннати аҷдодӣ ба ҳисоб меравад. Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар баробари дигар муқаддасоти миллӣ Парчами давлатии хешро 24-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоб қабул намуд, ки минбаъд он муаррифгари кишвари азизамон дар арсаи байналмилалӣ гардид. Мо хеле хушбахтем, ки дорои Парчами миллии худ ҳастем. Мо имрӯз ифтихор аз он дорем, ки дар баландтарин минбарҳои ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар қатори парчамҳои дигар давлатҳо Парчами Тоҷикистони мо низ парафшонӣ мекунад ва ҷаҳониён ба он арҷ мегузоранд. Дуруст аст, ки Парчамро яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ ва нишони ҳастии миллату давлатҳо ном мебаранд. Таърих гувоҳи он аст, ки миллати тоҷик аз азал дорои парчами худ буду ҳамеша баҳри ҳифзу…
20 ноябр дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич таҳти роҳбарии Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода машварати корӣ баргузор гардид. Дар машварати корӣ муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раис ва мувинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони корхонаву ташкилот, роҳбарони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, раисони шӯрои маҳаллаҳо, раисони хлҷагиӣои калонхаҷм, имомхатибон ва дигар масъулони соҳаҳо ширкат варзиданд. Нахуст Раиси ноҳия ба фаъолон дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки зимни ташриф ба вилояти Суғд ва мулоқот бо фаъолони вилоят, 19 ноябри соли равон баён доштанд, ба самъи ҳозирин расонида, иҷрои саривақтиву босифати онро дастури худро доданд. Сипас, роҷеъ ба масъалаҳои омодагӣ ба зимистон, вусъати корҳои саҳроӣ, ҷамъоварии саривақтии андоз, иҷрои нақшаҳои пешбинишудаи даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, обуна ба нашрияҳои давлатӣ, муҳимтар аз ҳама таъмини тозагии ҳифзи муҳити зист дар назди масъулин вазифагузорӣ намуд.
Аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ” бо мақсади муайян намудани мутобиқатии мансаби ишғолнамудаи хизматчиёни давлатӣ баргузор карда мешавад. Дар ин замина, мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми майи соли 2008 №468 “Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиб ва шартҳои гузаронидани аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ ва маъмурӣ” ва дар асоси қарори Раиси ноҳияи Деваштич аз 17.09.2025, №546 санаи 20 ноябри соли 2025 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич ҷиҳати муайян намудани мутобиқатии малакаи кории хизматчиёни давлатӣ аз ҷониби комиссияи дахлдори назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва бо иштироки муовини Раиси ноҳия Ганҷина Нуруллозода, сардори шуъбаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Фирдавс Латифов аттестатсияи навбатии хизматчиёни давлатӣ гузаронида шуд. Дар рафти гузаронидани аттестатсия аз хизматчиёни давлатӣ фаъолият, тибқи дастурамал ва уҳдадориҳои мансабӣ, донистани ҳатмии муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ пурсиш ба амал оварда шуд.
20 ноябри соли 2025 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич бо иштирки Раиси комиссия – муовини Раиси ноҳия Нуруллозода Ганҷина ва сардори шуъбаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Фирдавс Латифов озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ баргузор гардид. Вобаста ба баргузории озмуни мазкур дар рӯзномаи маҳаллии “Набзи Деваштич” эълон таҳия ва нашр гардида, аз ҷониби 5 нафар довталабон ба унвони раиси Комиссия ҳуҷҷатҳои лозима пешниҳод гардиданд. Зимни баррасии ҳуҷҷатҳо ҳамаи довталабон дар озмуни баргузоргардида ширкат варзиданд. Озмуни мазкур аз ҷониби ҳайати Комиссияи озмун ба таври шаффофу одилона баргузор гардида, довталабоне, ки ба вазифаҳои интихобкардаашон лоиқ дониста шуданд, ба ишғоли мансабҳо пешниҳод гардиданд. Тибқи тартибот натиҷаи озмун пас аз 3 рӯзи баргузории он эълон карда мешавад.
16-уми ноябр тибқи нақша – чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич дар қисми низомии 04533 ва қисми сарҳадии 0214 РҚС КДАМ ҶТ дар ноҳия ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардида, дастархони идона ороста шуд. Дар чорабинии мазкур Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода ва намондаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Бахтиёр Исматзода иштирок доштанд. Сараввал Раиси ноҳия кулли афсарону сарбозони шуҷои Ватанро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табруку муборакбод намуда, қайд намуд, ки сарбозону афсарон дар роҳи пуршарафу боифтихор – ҳифзи Ватан, таъмини амнияти давлату миллат ва татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳисси баланди ватандӯстӣ нишон дода, саҳми арзандаи хешро гузошта истодаанд. Дар ҳақиқат, Пешвои муаззами миллат бо нерӯи фавқулода, истеъдоди нодири давлатдорӣ, роҳнамоии хирадмандона, кору пайкори ҷавонмардона, иқдому амалҳои ибратбахши созандаю омӯзанда ва хизматҳои беназир Тоҷикистони тозаистиқлолро ба давлати пешрафта ва шукуфон табдил доданд. Хизматҳои беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи барпо кардани ваҳдати миллӣ, пойдор ва устувор намудани пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи тамомияти арзӣ ва таъмини ягонагии халқи Тоҷикистон ниҳоят бузург буда, саҳифаҳои заррини таърихи давлатдориамон дар…
Субҳи 16 ноябри соли 2025 ба ифтихори Рӯзи Президент ва 33-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳия – шаҳраки Ғончӣ роҳпаймоии ҷашнӣ бо иштироки кормандони касбу кори гуногун, сокинону фаъолони ноҳия, хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия бо шиору овезаҳои саршор аз муҳаббату самимият нисбат ба фарзанди фарзонаи миллат ва бо нишони арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқу миллат роҳпаймоӣ намуданд. Дар роҳпаймоии ҷашнӣ Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода, намондаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Бахтиёр Исматзода ширкат варзида, ҳозиринро бо Рӯзи Президент ва 33 – солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфтанд. Зикр гардид, ки рӯзи 16 ноябр ҷашн гирифтани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амри воқеӣ буда, соли 1992 дар ин рӯз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд ба кори худ оғоз карда, дар назди вакилони халқ масъалаи ҳалли мусолиҳатомези муноқишаҳои сиёсии тарафҳои даргирро пеш гузошт. Бо баргузории ин Иҷлосия дар таърихи ташаккулёбии ниҳоди сарварӣ марҳилаи нав оғоз гардид. Бо гузашти зиёда аз 33 сол аз рӯзи баргузории ин иҷлосия ва арзёбии дигаргуниҳои куллии дар Тоҷикистон ба вуқуъомада метавон хулоса…
16 ноябр дар Қасри фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода, намондаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Бахтиёр Исматзода, муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту идораҳо, фаъолону ҷавонон бахшида ба Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Раиси ноҳияи Деваштич зимни иштирок ва суханронӣ дар ҷамъомад сокинони ноҳияро ба ин ҷашни ҳумоюнӣ ва ормонии миллати тоҷик табрик намуд. Қайд карда шуд, ки Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санаи муҳим дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ва санаи муҳими тақвими ҷашну маросимҳои миллӣ эътироф гардида, нишони арҷгузориву эҳтиром ба заҳматҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масири таҳкими пояҳои давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини истиқрори сулҳ, пешравиҳои назарраси мамлакат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ маҳсуб меёбад. Президенти мамлакат ҳамчун ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд рисолати таърихии худро дар назди Ватан, миллат ва таърих бо сидқу сарбаландӣ ва тамоми вуҷуди хеш ба ҷой оварда истодаанд. -Таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мўҳлати кўтоҳтарин мактаби давлатдории миллии тоҷикон…
Ҳамватанони азиз! Бо камоли эҳтиром фарорасии Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кулли ҳамватанони азиз, бахусус сокинони сарбаланди ноҳияи Деваштич табрику таҳният мегўям. Дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 16 ноябр ба гиромидошти хизматҳои шоистаи Сарвари муаззами давлат – меъмори сулҳу ваҳдат ва ҳомии Истиқлолу якпорчагии мамлакат, таҷлил мегардад, тоҷику тоҷикистониён меҳру муҳаббату садоқати бепоёни худро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арз медоранд. Боиси фараҳмандист, ки имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати комили миллӣ зиндагӣ карда, шоҳиди пешрафтҳои зиёди диёри маҳбубамон дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, саноату кишоварзӣ, илму маориф, фарҳангу маънавиёт мегарданд. Тамоми дастовардҳо ва неъматҳое, ки дорем, ба шарофати татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаву таҳти роҳбарии ин фарзанди фарзонаи миллат кишварамон ба рушду шукуфоӣ расидааст. Дар ҳақиқат, Пешвои муаззами миллат бо нерӯи фавқулода, истеъдоди нодири давлатдорӣ, роҳнамоии хирадмандона, кору пайкори ҷавонмардона, иқдому амалҳои ибратбахши созандаю омӯзанда ва хизматҳои беназир Тоҷикистони тозаистиқлолро ба давлати пешрафта ва шукуфон табдил доданд. Хизматҳои беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи барпо кардани ваҳдати миллӣ, пойдор ва устувор намудани пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи тамомияти арзӣ ва таъмини ягонагии халқи Тоҷикистон ниҳоят бузург буда,…