Сохтори маъмури-ҳудудӣ

05.03.2018

Ноҳияи Деваштич  дар шимолу ғарби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисми ҷанубу ғарбии вилояти Суғд воқеъ буда, аз шимол бо ноҳияи Спимамен, аз ҷанубу ғарб бо ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Айнӣ, Шаҳристон, аз тарафи ғарб бо шаҳри Истаравшан ва аз тарафи шарқ бо ноҳияи Лайлаки вилояти Боткенди Ҷумҳурии Қиризистон  ҳаммарз мебошад. Масоҳати умумии ноҳия 1588,7 км2 буда мутаносибан 6,3 фоизи масоҳати вилояти Суғдро ташкил  менамояд. Дар ноҳия 1 амоати шаҳрак – ҷамоати шаҳраки Fончӣ, аз 7 амоатҳои деҳоти Яхтан, Fазантарак, Муҷун, Исмоили Сомонӣ, Росровут, Ваҳдат ва Далёни Боло  ва 55 деҳаҳои аҳолишин иборат аст.

Шарҳ нест