АЗ КӮЗА БУРУН ТАРОВАД ОН ЧӢ, КИ ДАР ӮСТ. Мулоҳизаҳои академик Кароматулло Олимов ва доктори илмҳои фалсафа Рустам Ҳайдаров перомуни вокунишҳо ва бархӯрдҳои гуногун ба паҳншавии коронавирус дар кишварамон

22.05.2020

print
ДУШАНБЕ, 22.05.2020 /НИАТ «Ховар»/. Шубҳае нест, ки имрӯзҳо буҳрони коронавирус тамоми ҷаҳонро фаро гирифта, ба мушкили рақами яки инсоният (бале, инсоният, чунки ин вирус ба ҳайвоноту наботот кор надорад) табдил ёфтааст.

Офату зиёнҳои ин душмани ноаёни башарият чунон васеъ ва густурдаанд, ки таърих мислашро ёд надорад. Аммо ҳоло касе ба фикри ҳисобу китоби зиёнҳо нест. Ҳамагон, чӣҳукуматҳо ва чӣ мардум дар саросари олам аз тамоми иқтидору донишу технология истифода мебаранд, то коронавируси манҳусро аз байн баранд ва ё ақаллан таъсири онро барои худ ва дигарон камтар созанд. Барои аксари роҳатталабон ва сармоядорон дигар рифоҳу маишат, зиндагии афсонавӣ, қасру кушкҳои боҳашамат ва мошину киштиву ҳавопаймоҳои гаронқимат орзу нест, орзу ин аст, ки як рӯз бештар дар ин дунё зиндагӣ кунанд ва ё ҳаётеро наҷот диҳанд.

Дар чунин шароити душвор ва ҳассос, ки гӯё ҷанги ҷаҳонӣ оғоз шудаву тамоми давлатҳо дар як сангар (на муқобили ҳам) барои наҷоти инсонҳо қарор гирифтаанд, муҳимтарин силоҳ ва аслитарин омили пирӯзӣ ин иттиҳоду ҳамбастагӣ, дастгирии якдигар, дилбардорӣ ва тақвияти равонӣ, умед ба оянда ва рӯҳияи болову иродаи қавӣ мебошад. Ҳатто роҳбарони бузургтарин қудратҳои ҷаҳон ҳам эътироф мекунанд, ки дар ин набарди нобаробари инсон бо душмани ноаёни коронавирус на артишҳои бузургу силоҳҳои пешрафта ва на технологияи муосиру иқтисодҳои оламгир, балки масъулиятшиносии ҳар фарди ҷомеа шарти асосӣ аст.

Чунонки таҷрибаи панҷмоҳаи тохтутози вируси корона дар саросари олам нишон дод, кишварҳое, ки дар онҳо огоҳии бештар, масъулиятшиносии болотар (фардӣ ва ҷамъӣ), ҳифзи ваҳдату якпорчагӣ байни давлату миллат ва амалкарди якҷояи ҳукуматҳову мардумон вуҷуд дошт, тавонистанд ин буҳронро аллакай пушти сар гузоранд ва тадриҷан ба ҳаёти оддии қаблазкоронаӣ баргарданд. Ва ин бояд таҷрибаи арзишманде бошад барои тамоми кишварҳо.

Тоҷикистони азизи мо ҳам ба ҳайси узве аз ин хонаводаи бузурги ҷаҳонӣ ин рӯзҳои сахтро таҷриба мекунад ва дар ҳоли мубориза бо вируси КОВИД-19 аст. Мубталошавии азизонамон ба ин вирус ва аз даст рафтани иддае аз онҳо моро ҷигархун месозад. Вале ин талафот набояд моро дилшикаставу рӯҳафтода созад, балки иродаи моро барои  саркӯби душман ва расидан ба пирӯзӣ қавитар созад (ва ин аввалину муассиртарин омили ғалаба дар ҳар набард аст).

Албатта, сангардорони ҷабҳаи аввал дар ин набард духтурон ва умуман кормандони соҳаи тандурустии мо ҳастанд, ки имрӯзҳо қаҳрамонона ва фидокорана ин масъулияти касбӣ ва миллии худро анҷом медиҳанд. Вале гирифтани пеши роҳи ин вабо ба талоши ҳамагон бастагӣ дорад. Масъулияти ҳар як сокини ин марзу бум, агар аз як тараф, ҳифзи гигиенаи шахсӣ ва тавсияҳои тиббӣ бошад, аз тарафи дигар, саҳмгузорӣ дар мудирият ва ё худ зери идора ва контрол даровардани буҳрон аст.

Мутахассисон исбот кардаанд, ки дар шароити паҳншавии коронавирус, ҳифзи суботи фикрию равонии ҷомеа, пешгирӣ аз воҳимаҳои беасос, роҳ надодан ба бадгумонию беэътимодӣ нисбат ба тавоноӣ ва садоқати масъулони соҳа, дар маҷмӯъ мусоидат ба оромиши ҷомеа аз заруратҳои аввалиндараҷа ба шумор мераванд. Зеро ин омилҳое, ки зикр кардем, ҳар кадом дар алоҳидагӣ метавонандзаҳрогинтар ва кушандатар аз коронавирус бошанд.

Вақте аз дидгоҳи масъулиятшиносии фардӣ ба амалкарди ҳамватанон дар дохилу хориҷ назар мекунӣ, метавон онҳоро ба се гурӯҳ (шартӣ) ҷудо намуд:

Гурӯҳи якум: соҳибкорон, сармоядорон ва соҳибони ширкату корхонаҳо ҳастанд, ки аз ҳисоби худ ба духтурон лавозимоти тиббӣ ва хӯроки гарм мебаранд (чунки духтурон аксаран дар беморхонаҳоянд ва имкони ба хона рафтан надоранд) ва ё ба мардуми ниёзманд, ки аз сабаби маҳдудиятҳои касбу кор даромадашонро аз даст додаанд, маводи хӯрокӣ ва ниқобу дасткаш туҳфа мекунанд;

Гурӯҳи дуюм: афроди соҳибэҳтироми ҷомеа, собиқадорони соҳаҳои гуногун, пирони рӯзгордида, олимону зиёиён, шоирону нависандагон, рӯзноманигорон ва фаъолони маданӣ ҳастанд, ки бо гуфтаҳову навиштаҳо ва сурудаҳои худ ба мардум рӯҳия медиҳанд, онҳоро ба риояи тадбирҳои лозима, ҳифзи субот ва умумун дар сатҳи баланд нигоҳ доштани рӯҳияи иҷтимоӣ ташвиқ менамоянд. Онҳо бо фиристодани гулдастаҳо ва паёмҳои шодбошу табрикӣ ба духтурон ва ташвиқҳои дастаҷамъонаи виртуалӣ, ба ин сангардорони ҷабҳаи мубориза бо коронавирус дилбардорӣ ва рӯҳбаландӣ медиҳанд. Яъне ҳар шахси ватандӯст ва покивиҷдон дар чунин рӯзҳо кӯшиш мекунад, то саҳме аз худ дар раванди мубориза бо коронавиус “ба даме, ё қадаме, ё қаламе, ё дираме” гузорад ва дарде аз дардҳои дардмандонро кам кунад.

Аммо дар ин миён, гурӯҳи сеюм – иддае аз ҳамватанон (бештар дар хориҷ аз Тоҷикистон) ҳастанд, ки гӯё мусибати ба сари миллат ва кишвар омада барояшон мояи хурсандӣ ва ҷашну шодист. Онҳо асосан гумоштагони Ҳизби мамнӯъ ва террористию экстремистии наҳзати исломӣ ва дигар мухолифони давлату миллати тоҷик ҳастанд, ки масъулияти инсонӣ ва миллии худро кайҳо ба дасти фаромӯшӣ супурда, бо ҳар роҳу воситаи барояшон мумкин ва дастрас саъй мекунанд, ки ҳатто аз ин мусибат ҳам барои манфиатҳои сиёсии худ истифода намоянд.

Дар матлабҳои омоданамудаи онҳо роҷеъ ба вазъи имрӯзаи кишвар, ки ба шакли навишторӣ ва ё паёмҳои савтию тасвирӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва баъзе сомонаҳои ғаразварзи ҳамсӯ бо онҳо нашр мешаванд, ягон эҳсоси ғамшарикӣ ва ҳамдардӣ ҳатто нисбати наздикони худ дар Тоҷикистон дида намешавад. Тамоми навиштаҳояшон аз рӯи як хатти сюжет пеш мераванд (албатта, ҷои тааҷҷуб ҳам нест, чунки аз як манбаъ идора мешаванд ва ба як ҳадаф нигаронида шудаанд). Чунин ба назар мерасад, ки ҳар рӯз бесаброна мунтазиранд, то хабарҳои нав дар бораи мубталошавӣ ва ҷон бохтани теъдоди бештари ҳамватанонро шунавандусипас иддаоҳои бепояи худро боз такрор намоянд: “ҳукумат вазъиятродуруст даркнамекунад”, “ҳукумат фалон оморро пинҳон мекунад”, “”ҳукумат хизматрасонии тиббиро хуб ба роҳ намондааст”, “коронавирус дар Тоҷикистон фоҷеа меорад”, “тибқи пешбинии фалон созмон, фалон миқдор одамон мемиранд…” ва ғайраву ҳоказо.

Ҳеҷ кишваре дар ҷаҳони имрӯза бе мухолиф нест. Аммо мухолифат ҳам фарҳанге ва одобе дорад. Имрӯзҳо вақте сомонаҳои интернетии мухолифони кишварҳои гуногунро баррасӣ мекунем, мебинем, ки дар онҳо дар давраи буҳрони коронавирус тақрибан садои мухолифат боқӣ намондааст. Ҳатто сарсахттарин мухолифин дар тундравтарин сомона ва расонаҳои худ манфиатҷӯии сиёсиро як тараф монда, роҷеъ ба роҳҳои пешгирии коронавирус ва чӣ гуна эмин доштани худ бамардумашон маълумоти зарурӣ медиҳанд. Русҳои мухолифи ҳукумати Русия аз саросари дунё бо ирсоли паёмҳова нашри охирин ёфтаҳои илми тибб, ба ҳамватанони худ барои кам кардани хатари коронавирус маълумот ва тавсияҳо медиҳанд. Радиову телевизионҳо ва соири расонаҳои мухолифони турку эронию афғону араб имрӯзҳо гӯё барасонаҳои давлатии он кишварҳо табдил ёфтаанд: аксари барномаҳояшон дар бораи роҳҳои пешгирӣ аз коронавирус ва риояи тавсияҳои тиббӣ аст. Ин расонаҳо, ки дар гузашта доим ҳукуматҳои кишварҳои худро танқид мекарданд, имрӯзҳо баръакс, ба мардум тавсия медиҳанд, ки бо ҳукумат (ҳамон ҳукумате, ки мухолифаш ҳастанд) ҳамкорӣ намоянд ва тавсияҳои ҳукуматро иҷро кунанд, чунки ин ягона роҳи пирӯз шудан бар коронавирус аст.

Онҳо барои дилсард кардани мардум аз ҳукумат ва коштани тухми нобоварӣ дар дили мардум нисбат ба амалкарди ҳукумат дар мубориза бо коронавирус талош намекунанд, чун медонанд, ки ин, на танҳо бар зарари ҳукумат, балки бар зарари худи мардум низ ҳаст.

Аммо чанд фард ва гурӯҳи беаслу насаб ва дунмоя аз зумраи ҳамватанони мо, ки худро дар кишварҳои аврупоӣ ба хотири ёфтани сарпаноҳ ва корти муҳоҷират “мухолифони Ҳукумати Тоҷикистон” муаррифӣ кардаанд, бе доштани камтарин огоҳӣ аз “маданияти мухолифат” ва дур аз ойину одобу фарҳанги мухолифати сиёсӣ, дар чунин рӯзҳои сахту душвор, ки иттиҳоди миллӣ ва ваҳдат миёни мардум ва ҳукумат хеле ва хеле зарур ва ҳаётист, шабу рӯз ба ихтилофангезӣ, дурӯғпароканӣ ва дилсард кардани мардум аз иқдомҳи ҳукумат дар мубориза бо коронавирус машғуланд.

Онҳо “мухолифони сиёсии ҳукумати мо” нестанд. Онҳо мухолифон ва ҳатто душманони миллати мо ва давлати моянд. Барои онҳо мафҳумҳои “пойдории давлат“, “арзишҳои миллӣ” “муҳаббат ба Ватан” ва амсоли он маънои худро гум кардаанд. Аз навиштаҳояшон бараъло фаҳмидан мумкин аст, ки натанҳо барои пешгирии паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон коре намекунанд, балки бисёр мехоҳанд (ва дили торикашон гум мезанад), ки тоҷикон бештар ба ин вирус мубтало шаванду боз ҳам бештар бимиранд, то онҳо имкон пайдо кунанду ба чор тараф ҷор зананд, ки “ана, дидед? Ҳукумат натавонист” (аксарият ба ёд доранд, ки вақте омори қурбониёни коронавирус дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Миёна гузашт, сомонаҳои ғаразварзи ба ном мухолифин чӣ шӯру валвалае доштанд).

Оё дидаед, ки муаллифони ин гуна мақолаҳо ва гардонандагони ин гуна сомонаҳо, ки дар Аврупо қарор доранд, мақолае дар бораи таҳқиқоти донишмандони он қитъа роҷеъ ба роҳҳои пешгирии коронавирус нашр карда бошанд?

Оё дидаед, ки бо ягон табиби аврупоӣ (ки пеш аз мо ва беш аз мо бо коронавирус дасту панҷа нарм кардаанд) мусоҳиба анҷом дода, барои табибони тоҷик ақаллан назаре, идеяе ва ё андешаи наве ироа карда бошанд?

Оё дидаед, ки аз таҷрибаи мардуми Аврупо дар ҳифзи ваҳдату ягонагӣ дар давраи буҳрони коронавирус, риояи дастурҳои хоси ҳукуматҳояшон ва иҷрои тавсияҳои тиббӣ маводе омода ва барои хонандаи тоҷик пешкаш карда бошанд?

Оё дидаед, ки аз ҷонфидоиҳо ва корнамоиҳои духтурони тоҷик дар кишварҳои аврупоӣ маводе омода карда бошанд ва ё ба онҳо минбар дода бошанд, то бо ҳамтоёни худ дар Тоҷикистон суҳбат кунанду аз таҷрибаҳои худ бигӯянд?

Оё дидаед, ки ба мисли созмонҳо ва расонаҳои дигар кишварҳо дар Аврупо (ки аксаран мухолифин ҳастанд), бо ҷалби ҳамватанони мо дар он кишварҳо — соҳибкорон ва ё ниҳодҳои хайриявие, ки шумораашон кам ҳам нест, иқдоме барои ҷамъоварии маводи тиббӣ барои духтурони тоҷик ва ё ақаллан кумаки башардӯстона баниёзмандон дар ин шароити душвор (ҳатто ба хешутабори худ) карда бошанд?

Албатта, не! Надидед ва нахоҳед дид. Ва ин ҷои тааҷҷуб ҳам надорад. Зеро ин гуна корҳо аз касе ё гурӯҳе меояд, ки бо вуҷуди мухолиф буданаш, соҳиби шуури миллӣ, дарки сиёсӣ ва умуман каромати инсонист, на гурӯҳе, ки террористиву экстремистӣ буданаш чун рӯз равшан аст ва боз иддае аз раҳгумзадагону фиребхӯрдагон, ки ба хотири корти паноҳандагӣ ёфтан, чанг ба домони як ҳизби террористӣ задаанд.

Навиштаҳояшон, мусоҳибаҳояшон, таҳлилҳояшон, “паём”-ҳояшон ва ҳатто тасаллиятҳояшон ҳама як атрофи як мазмун мечарханд: “фоҷеа дар пеш аст, маргу мир ҳисобу китоб надорад, даҳҳо ҳазор қурбон хоҳад шуд, ҳукумат ба фикри мардум нест, аз дасташ коре намеояд…”

Ҳадафи ҳамаи ин таблиғоташон як аст: воҳимапаҳнкунӣ, тарсу ваҳшат, эҷоди фазои ноумедӣ ба оянда, танқиди пайдарҳами ҳукумат ва дилсард кардани мардум аз мубориза бо коронавирус (чун ҳукумат роҳбарии ин муборизаро ба дӯш дорад, нотавон нишон додани он ба хотири эҷоди фазои беэътиомдӣ ба роҳ монда мешавад) ва умуман мусоидат ба беморӣ вамаргу мири бештар дар кишвар аст (ҳатман медонед, ки яъсу ноумедӣ иммунитети фардӣ ва иҷтимоиро поин оварда, заминаи мубталошавӣ ба коронавирусро фароҳам месозад).

Шояд пурсед, ки аз афзоиши талафот дар Тоҷикистон онҳо чӣ манфиат мебинанд? Манфиати онҳо дар ин кор (аз диди худашон) нишон додани нотавонии давлат дар мудирияти буҳрон ва ба шӯр овардани ҷомеа барои расидан ба орзуҳои хаёлиашон аст. Барои ин агар нисфи мардум ҳам қурбони коронавирус ва ё ҳар балои дигар шаванд, парвое надоранд. Муҳим барояшон ин, ки вазъ ошуфта гардад ва фазо тираву тор шавад, то онҳо мисли кӯршабпарак дар ин фазои тира ба парвоз оянду ҷавлон зананд. Барои роҳ ҷустан ба сӯи чунин ҳадафи торику номаълуму дастнорас ва илова бар он, барои ҳисоботдиҳӣ ба онҳое, ки барои ин кор пул медиҳанд, дигар чӣ кор ҳам карда метавонанд, чуз иғвогарӣ, дурӯғпароканӣ ва коштани тухми яъсу ноумедӣ?Воқеан, аз қалби сиёҳ ва фикри бемор чӣ берун меояд? Албатта, андешаи бемор. Зеро “Аз кӯза бурун таровад он чӣ, ки дар ӯст”.

Аммо ҳикмати дигаре ҳам ҳаст, ки мегӯяд “адӯ шавад сабаби хайр, агар Худо хоҳад”. Буҳрони корона бо тамоми офату зарарҳояш, парда аз чеҳраи воқеии ин “муддаиёни дину миллат” бардошт ва нишон дод, ки онҳо киянду чӣ ҳадаф доранд. Ва ҳар рӯзе, ки мегузарад, мардум онҳоро бештар мешиносанду ба пӯчии шиорҳояшон беҳтар пай мебаранд. Дақиқан мисли ДОИШ-у толибону даҳҳо гурӯҳҳои террористӣ, ки фикр мекарданд бо баланд бардоштани парчами исломӣ ва сар додани нидои “Аллоҳу Акбар!”, метавонанд чеҳраи воқеии худро, ки ҳамоно як чеҳраи қотил, даҳшатафкан, террорист, ифротгаро ва муқобили тамоми динҳову мазҳабҳову фарҳангҳост, бипӯшонанд. Аммо замони чеҳрапӯшонӣ дар пушти шиорҳои ба зоҳир зебо, аммо авомфиребона аллакай гузаштааст.

Албатта, хитоби мо ба муаллифони чунин туҳматбофиҳо ва иғвономаҳо дар сомонаҳои бемори онҳо нестанд. Ва ҳеҷ интизор ҳам нестем, ки онҳо аз гуфтаҳои мо сари ақл оянду ислоҳ шаванд. Чунки интизори ислоҳ шудан аз онҳо ба яқин “аз сифла найли макрамат уммед доштан” аст.

Аммо хитоби мо ба пайравони раҳгумзадаи онҳост, ки аз ин беш фиреби ин гурӯҳро нахӯранд. Ва низ хитоб ба хонандагони сомонаҳои онҳо, махсусан корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар кишвар ва берун аз он аст, ки ҳушёр бошанд ва таҳти таъсири равонии ҳамлаҳои таблиғотӣ, иғвоангезона ва маъюскунандаи онҳо қарор нагиранд.

Мо на мансабдори ҳукуматем ва на аз он намояндагӣ мекунем, балки худамон ҳам дар бисёр маврид интиқодҳое аз баъзе амалкардҳои он дорем. Аммо имрӯз рӯзи набард аст. Набард бо душмани башарият, бо КОВИД-19. Дар рӯзи набард камтарин ихтилоф дар сафи размандагон бештарин осебро ба онҳо мерасонад. Рӯзи набард рӯзи нангу номус ва ҳифзи ному шаън аст, на рӯзи гилаву озор, шикваву ноз ва ё сӯиистифодаҳои сиёсиву таблиғотӣ. Ҳамин аст, ки дар замони ҷанг қонунҳои даврони осоишта бекор мешаванду қонуни махсуси замони ҷанг ва трибуналҳо вориди амал мешаванд. Дар доираи ин гуна қонунҳо, на танҳо сарпечӣ аз набард ё халалрасонӣ ба ҷараёни он, балки нишон додани андак сустиродагӣ ва ё паҳн кардани эҳсоси нобоварӣ ба ғалаба, бо сахттарин чораҳо муҷозот мешавад.

Имрӯз ҳам ҷанги эълоннашуда барои маҳви коронавирус ва наҷоти миллату давлат (на танҳо дарТоҷикистон, балки дар тамои дунё) ҷараён дорад ва касонеро, ки азпушти сангар истода ханҷар мезананд ва иғвогарӣ мекунанд, аввал Худо ва баъд виҷдонҳои бедори ин миллати шариф муҷозот хоҳад кард.

Агар ба амалкарди ҳукумат дар ду-се моҳи охир аз рӯи инсоф бингарем, дармеёбем, ки он барои чунин рӯзҳо то ҳадди тавони худ омодагӣ гирифта буд. Зеро ҳама медонистем, ки дер  ё зуд коронавирус ба кишвари мо низ қадами шуми худро мегузорад. Аммо агар имрӯз мебинем, ки дар пешгирӣ ва маҳори он камбудиҳое вуҷуд доранд, ин бештар нишонаи шиддати худи буҳрон ва то як муддати муайян пешгиринашаванда будани он аст, на ин, ки нишонаи “бебарномагии ҳукумати Тоҷикистон” (чунонки иғвогарон иддао мекунанд). Агар чунин нест, пас чаро бобарноматарин ҳукуматҳо ва муқтадиртарин иқтисодҳои олам дар баробари лашкари коронавирус ноком монданд?

Яке аз корҳои хуби Ҳукумати Тоҷикистон ин буд, ки аз оғози пайдоиши коронавирус дар баъзе аз кишварҳои минтақа, марзҳои заминиву ҳавоии худро баст ва назорати шадидро барои рафтуомад ба иҷро гузошт. Ҳамаи касонеро, ки аз хориҷ меомаданд (чӣ тоҷикистонӣ ва чӣ хориҷӣ) ҳатман ба карантини чордаҳрӯза фаро мегирифт. Ин чораҳо сабаб гардиданд, ки вуруди вирус ба кишвари мо ҳудуди ду моҳ ба таъхир афтад. Дар ин муддат ҳам ҳукумат сатҳи омодагии худро болотар бурд, ҳам духтурони мо бо мутолиаи бештар ва пайгирии раванди паҳншавии вирус дар дигар кишварҳо ва шеваи бархурд бо он, таҷрибаҳое дар ин хусус ҳосил намуданд ва ҳам мардуми мо бо дидани паёмадҳои беэътиноӣ нисбат ба коронавирус дар дигар кишварҳо, ҳушёртар ва дар шинохти роҳҳои пешгирӣ огоҳтар шуданд.

Ин аст, ки мебинем, агар дар дигар кишварҳо водор кардани мардум ба пӯшидани ниқоб, истифодаи дасткаш ва парҳез аз таҷаммӯъ яке аз мушкилтарин бахшҳои мубориза бо коронавирус бошад (дар баъзе кишварҳо барои ин одамонро дар кӯчаҳо мезаданд, ҷарима мекарданд ва ҳатто  баҳабс мегирифтанд), дар Тоҷиикстон баробари эълони пайдошудани коронавирус, мардум ба сурати худҷӯш ва огоҳона бариояи тавсияҳои тиббӣ ва фосилагириҳои иҷтимоӣ рӯ оварданд ва кишвари мо аз ин назар аллакай чанд қадам пеш аст.

Бале, камбудиҳо ҳастанд. Аммо онҳоро худи мо бояд бартараф созем, зеро тамоми кишварҳо имрӯзҳо машғули ҳалли мушкилоти худашон ҳастанд. Дар ин рӯзҳои сарнавиштсоз шарти инсоният, ойини ҷавонмардӣ ва гузашта аз он, омили асосии ҳифзи ҳаёти худ ва наздиконамон он аст, ки ҳар кадомамон дар доираи имконият ва салоҳияти худ барои маҳор кардани вируси корона талош намоем ва агар коре карда наметавонем, ақаллан ба ин раванд халал нарасонем. Ва ба гуфтаи Шайх Аттор амал намоем, ки “қуввати некӣ надорӣ, бад макун”.

Дар шароити кунунӣ ваҳдат миёни давлат ва мардум ва иҷрои дақиқи барномаҳои ҳукумат дар мубориза бо коронавирус шарти асосии пирӯзӣ аст. Гузашта аз ин, агар зистан мехоҳем (ки мехоҳем), ягона роҳ ҳамин аст. Гилаву озору танқиду танбеҳро мемонем барои баъд.

Пас, ҳама бо ҳам рӯҳияро қавӣ дорем, аз душмани ноаён натарсем, якҷо бо ҳукумат барои пешгирии ин вирус бо барномаи хос амал намоем, тавсияҳои тиббиро иҷро кунем, аз имконоти мавҷуда истифода барем, духтуронамонро пуштибонии моддию маънавӣ кунем, ба ниёзмандон дар ин рӯзҳои душвор (аммо даргузар) дасти мадад дароз намоем ва муҳимтар аз ҳама, тарсу яъсу ноумедиро ба худ роҳ надиҳем. Ва мо ҳатман пирӯз мешавем!

 

Кароматулло ОЛИМОВ,
академик

Рустам ҲАЙДАРОВ,
доктори илмҳои фалсафа

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code