Имрӯзҳо сокинон ва соҳибкорони ноҳияи Деваштич дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бо дастовардҳои арзанда пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бунёди иншоотҳои зарури ва муҳайё кардани ҷойҳои кори доими пайваста кушиш ба харҷ дода истодаанд.
Бо иқдоми соҳибкорони маҳалли дар Ҷамоати деҳоти Яхтан сохтмони фермаи мурғпарварӣ барои 20 ҳазор сар аз ҷониби ширкати Хоҷирасул ва сохтмони фермаи чорводорӣ барои 350 сар чорвои хушзот аз ҷониби ширкати «Нури Дален» бо маром идома дорад. Ба роҳбари вилоят маълумот дода шуд, ки сохтмони иншоотҳо то ҷашни Истиқлолияти давлати ба итмом расонида шуда ба фаъолият оғоз менамояд. Дар он 50 нафар сокинон бо ҷои кори доими таъмин гашта бо маҳсулоти хушсифат тухми парранда ва гушти моли калон бозорҳои мамлакатро таъмин менамоянд.
Хамчунин дар ин ҷамоат сохтмони сардхона барои 400 тонна маҳсулот, нуқтаи ченак вазни маҳсулот ва маркази хизматрасони бунёд мегардад. Он аз ҷониби соҳибкори ватандӯст бо маблағгузории зиёда аз 4 миллион сомонӣ амали гашта истодааст.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дастгири ва таваҷҷӯҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушти соҳибкории ватанӣ ва муҳайё гардидани имтиёзҳои махсусро хоса зикр намуда омодагии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро ҷиҳати дастгирии соҳибкори созанда баён дошт.
Амалии шудани чунин иқдомҳо дар ноҳияи Деваштич омили рушди иқтисодии ноҳия арзёбӣ гардид.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд
Шарҳ нест