Ҳангоми сӯҳбат ба Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода баён дошт, ки дар фасли тирамоҳ кабуди, дар фасли баҳор ва тобистон бошад ба парвариши помидор бодиринг, картошка машғул мебошад. Ба гуфтаи мавсуф аз 10 сотиқ қитъаи замини наздиҳавлигиаш то 4 тонна ҳосили картошка ҷамъоварӣ менамоянд. Ғайр аз картошка ӯ помидору бодиринг дарахтони себу олу парвариш намуда бо меваю сабзавоти тару тоза бозори истеъмолии деҳаро таъмин менамояд. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода таҷрибаи кори Абдуҷаббор Қаҳҳоровро намунаи ибрат арзёбӣ намуд, ба масъулин супориш дод, ки бояд ҳар як хоҷаги бо замин чунин муносибат намояд.
Оила ин хонаводаи намунавиро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят муборакбод намуда тӯҳфаҳо супорид.
Ҳамчунин Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич аз тарзи истифодабарии заминҳои наздиҳавлигии сокинони дигари ноҳия Фахриддин Шукуров шинос шуд. Ӯ дар 6 сотиқ замини наздиҳавлигии худ бо фарзандон картошкаву карам , сабзиву пиёз ва дигар маҳсулоти кишоварзиро парвариш менамояд. Амаки Фахриддин, ки 68 сол дорад мегӯяд Пешвои муаззами миллат дар яке аз баромадҳояшон қайд намуданд, дуруст истифода бурдани ҳар порча замин метавонад оиларо аз ҷиҳати солими ва иқтисодӣ мустаҳкам намояд. Маҳс ба ин гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замини назди ҳавлигии худ имсол 5 намуд маҳсулот кишт намуда ва умед дорад ҳосили хуб ба даст орад. Раиси вилояти Суғд ба ин нафарон барои меҳнати софдилонаву дуруст истифода бурдани заминҳои назди ҳавлигӣ тӯҳфаҳо тақдим намудн.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд
Шарҳ нест