ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Соҳибкорони Деваштич фермаи мурғпарварию чорводорӣ ва сардхона месозанд

30.05.2020

print
ДУШАНБЕ, 30.05.2020. /АМИТ Ховар/. Дар Ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич ба шарафи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми соҳибкорони маҳаллӣ сохтмони фермаи мурғпарварӣ барои 20 ҳазор сар аз ҷониби ширкати «Ҳоҷирасул» ва сохтмони фермаи чорводорӣ барои 350 сар чорвои хушзот аз ҷониби ширкати «Нури Дален» бо маром идома дорад. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Сохтмони иншооти мазкур то ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ба итмом расонида шуда, ба фаъолият оғоз менамоянд. Дар он 50 нафар сокинон бо ҷои кори доимӣ таъмин гашта, бозорҳои мамлакатро бо маҳсулоти хушсифат- тухми парранда ва гӯшти моли калон таъмин менамоянд.

Ҳамчунин дар ин ҷамоат сардхона барои 400 тонна маҳсулот, нуқтаи ченаки вазни маҳсулот ва маркази хизматрасонӣ бунёд мегардад. Он аз ҷониби соҳибкори ватандӯст бо маблағгузории зиёда аз 4 миллион сомонӣ амалӣ гардида истодааст.

Амалӣ шудани чунин иқдомҳо дар ноҳияи Деваштич омили рушди иқтисодии ноҳия арзёбӣ маҳсуб мешавад

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code