Қабл аз ин, 27-уми майи соли 2020 ронандаи автомашинаи хизматии Б. Иноятзода – Хуррамов Хурсандалӣ Пардаевич ва 3 июни соли 2020 мудири қабулгоҳи Раиси шаҳри Кӯлоб Қурбонов Фирӯз Давлатхоҷаевич бо ҷурми қаллобӣ ба ҳабс гирифта шуда буданд.
Дар рафти тафтишоти пешакӣ Хуррамов Х.П. ва Қурбонов Ф. Д. нишондод пешниҳод карданд, ки онҳо ин кирдорҳояшонро бо супориши Раиси шаҳри Кулоб Б. Иноятзода содир намудаанд.
Ҳамчунин, аз сокинони шаҳри Кӯлоб якчанд ариза доир ба амалҳои коррупсионии раиси шаҳр Б. Иноятзода ворид гардид. Ҳангоми санҷиш далелҳои дар аризаҳо овардашудаи ҷабрдидагон тасдиқи худро ёфтанд.
Нисбат ба Б. Иноятзода аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар якҷоягӣ бо Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид. Тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Шарҳ нест