Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо раисони як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат суҳбати телефонӣ анҷом доданд

10.06.2020

print
9 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи раисони шаҳри Панҷакент, ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд, ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Тоҷикобод, Сангвор ва Лахшро оид ба вазъи корҳои саҳроӣ, ҷамъоварии ҳосили ғалладонагӣ, сабзавот ва мевагиҳо, кишти картошка, ҳолати беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳо, иҷрои супоришҳо оид ба чораҳои пешгирии паҳншавии бемории сироятии короновирус ва таъмиру таҷдиди муассисаҳои таълимӣ шуниданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳои зикршуда оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ, таъмини нақшаи 40 фоиз зиёд кардани майдони кишти картошка, ҷамъоварии саривақтию беталафи ғалладонагӣ, сабзавот, меваҷот, содироти маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини бозори истеъмолӣ бо маводи ниёзи аввал, беҳбуд бахшидани вазъи беморхонаҳо, таъмини табобатхонаҳо бо маводи лозимаи тиббӣ, доруворӣ ва хӯрока, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба беморон, тақвият бахшидани тадбирҳои санитарию гигиенӣ миёни аҳолӣ ва марказҳои иҷтимоию хизматрасонӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва паҳншавии бемории сироятӣ бори дигар ба раисони шаҳру ноҳияҳо барои дар ҳар як шаҳру ноҳия бунёд кардани беморхонаҳои сироятӣ супоришҳои қатъӣ доданд.

Ҳамчунин Сарвари давлат дастур доданд, ки мактабҳо ва муассисаҳои томактабиро таъмиру таҷдид карда, ба соли нави хониш омода созанд.

Аз раисони шаҳру ноҳияҳо талаб карда шуд, ки ҳар як оила бояд барои ду сол маводи хӯрокаро дар хонаҳояшон захира намоянд, тамоми иншооти соҳаи иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакатро ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 тайёр карда, захираи сӯзишворӣ ва маводи хӯрокаро таъмин созанд.

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code