Қатли ваҳшиёнаи қаҳрамон Ҳайдар Қосимов аз ҷониби фашистони наҳзатӣ

02.03.2021

print
Ҳайдар Қосимов 07-уми марти соли 1922 дар хоҷагии Севахши Ҷамоати деҳоти «Туғай – Сарай»- и ноҳияи Октябри вилояти Сталинобод (ҳозира шаҳри Душанбе) дар оилаи колхозчӣ таваллуд шудааст. Ҳайдар Қосимов фаъолияти кориашро соли 1938 ба сифати ҳисобчии бригадаи тракторчиён дар МТС «Октябр-2» оғоз намудааст.

Баъди оғоз гардидани корҳои ободкорию
созандагӣ дар водии Вахш Ҳайдар Қосимов бо аҳли оилаашон ба ин минтақа муҳоҷир мешаванд ва то охири умраш дар ноҳияи Вахш, собиқ совхози “Туркманистон” (айни замон Ҷамоати деҳоти “Тоҷикобод”), деҳаи “Сохтмон” зиндагӣ намудааст. Ҳоло ҳам дар ин макон набераю абераҳояшон истиқомат доранд.
Соли 1941 дар собиқ Иттиҳоди Шуравӣ Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз гашт ва дар қатори дигар меҳандӯстони диёр Ҳайдар Қосимови тоҷик низ моҳи декабри соли 1941 ба Артиши Сурх шомил гашта ба ҷанг рафт. Дар моҳи сентябри соли 1943 фармондеҳии ротаи миномётии 229-и полки тирандозии фронти марказӣ ба Ҳайдар Қосимов вогузор карда шуд. Ҳайдар Қосимов дар яке аз муҳорибаҳои хунин, дар убур намудани дарёи “Припять” ғасби майдони миномётҳо, анбори захиравии яроқу аслиҳа ва несту нобуд кардани садҳо аскарони душман, қудратмандии худ ва аскарони шуҷояшро нишон дод. Барои ҷасорату мардонагӣ нишон додан бар зидди фашистон ва роҳ кушодан ба Армияи Шӯравӣ ҷиҳати озод намудани шаҳру рустоҳо аз дасти истилогарони фашистӣ бо Фармони Президиуми Советии Олии СССР Ҳайдар Қосимов ба унвони Олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардонида шуд.
Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ 300 ҳазор нафар ҷавонписарону ҷавондухтарони тоҷик аз Тоҷикистон бо амри дил барои ҳифзи Ватан бар зидди фашизм сафарбар гардида буданд. Аз ин 92 ҳазор нафар аскарони тоҷик аз ҷанг барнагаштанд. Баҳри ба даст овардани ғалабаи оламшумул зиёда аз 60 ҳазор нафар ба гирифтани ордену медалҳои ҷангӣ шарафёб шуданд. Аз ҷумла 54 нафар ба унвони Олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, 19 нафар бо ордени «Шараф» дараҷаи 1,2 ва 3 қадрдонӣ карда шуданд. Аз рӯи маълумотҳои оморӣ Ҳайдар Қосимов дар зиёда аз 1000 муҳорибаҳои хунини ҶБВ дар солҳои 1941-1945 ширкат варзидааст. Баъди итмоми ҷанг соли 1946 Ҳайдар Қосимов дар асоси фармон аз хизмати амалии ҳарбӣ озод шуда, ба руйхати афсаорони эҳтиётии Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ дохил шуд ва ба Ватан баргашт.
Ҳайдар Қосимов дар корҳои гуногуни хоҷагии халқ фаъолона кор мекард. Дониши хубу маҳорати ташкилотчигии Ҳайдар Қосимовро ба назар гирифта ӯро раиси ҷамоати деҳоти «Тоҷикобод» – и ноҳияи Вахш таъйин карданд. Баъдан дар вазифаи муовини директори хоҷагии чорвопарварии ноҳияи мазкур кор кардаанд. Як панҷсола вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Вахш буданд. Ҳайдар Қосимов ҳангоми фаъолияташ дар мансабҳои давлатӣ, дар созандагию бунёдкории диёрашон хизматҳои шоён намудааст.
Баъди пошхурдани Иттиҳоди Шӯравӣ солҳои 90-уми қарни гузашта саркардан ва аъзоёни ташкилоти террористии собиқ Ҳизби наҳзати ислом дастуру супоришҳои хоҷагони бурун марзиашон дар Тоҷикистон оташи ҷанги таҳмилиро дар минтақаҳо оғоз намуданд. Оғози алангаи оташи ҷанг аз совхози «Туркманистон»-и ноҳияи Вахш сарчашма гирифт. Мардуми заҳматкаши кишвар аз тарси ҷанг барои ҳимояи ҷони худ ва наздикон тарки ҷойи зист карда, ба дигар ноҳияҳои нисбатан ором гуреза шуданд. Оилаи каҳрамон Ҳайдар Қосимов низ бо мардуми деҳа ба ноҳияи Қумсангир (ҳоло Ҷайҳун) омада, ба ҳалқаи хешу пайвандонашон пайвастанд. Соли нави мелодии 1993-ро Ҳайдар Қосимов бо ҳамроҳии оила ва хешу пайвандонаш қайд намуданд. Охири моҳи январ рӯзона гурӯҳи яроқноки ношиноси ҷангҷуй ба хонаи муаллим Қаноатшо Абдуллоев, ки Ҳайдар Қосимов дар он ҷо буд, даромада яку якбора бо садои баланд ба сари Ҳайдар Қосимов дод зада, пеш даро гуфтанду аз хона гирифта бурданаш. Ҳарчанд, ки ӯ худро ба онҳо муаррифӣ карда бошад ҳам, онҳо ба мо шумо барин қаҳрамонҳо лозим гуфта, ӯро бо дашномҳои кабеҳ ба мошин савор карда, ба сӯи номаълум бурданд.
Хешу ҳамдиёрон, ёри дӯстон ҳарчанд минтақаҳои ноҳияро ҷустуҷӯ карда бошанд ҳам, аз Ҳайдари қаҳрамон хабаре пайдо накарданд. Фасли зимистон гузашту баҳор омад ва овозае паҳн шуд, ки ҷасади марде дар паҳлуи пули назди ПМК-22 пайдо гаштааст. Ин аввали моҳи марти соли 1993 буд. Хешовандони марҳум дарҳол ба ҷойи таъиншуда омада диданд, ки ҷасад аллакай варон шуда буд. Танҳо аз либосҳои танаш, ки доимо низомипӯш буданд ва аз рӯйи дигар нишонаҳояш хешовандонаш шинохтанд, ки ӯ Ҳайдар Қосимов – охирин қаҳрамони зиндаи собиқ Иттиҳоди Шуравӣ дар ҶБВ аст ва аз дасти насли фашистии наҳзатӣ ваҳшиёна ба қатл расонида шудааст. Оне, ки барои ғасби душман ҷонбозиҳои қаҳрамонона кард, оне, ки барои насли ояндаи худ заминаи сулҳ офарид, номи тоҷикро шарафмандона боло бардошт. Ҷасади Ҳайдар Қосимов дар мазори деҳаи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Ҷамоати деҳоти «Панҷ»-и ноҳияи Ҷайҳун ба хок супорида шуд. Ҳайдар Қосимов он шабу рӯз ба синни 71-сола расида буданд. На даъвои вазифа дошт, на даъвои бойигарӣ, ӯ танҳо қурбони бозиҳои сиёсӣ, қурбони муллоҳои чаласаводу мансабпарст, қурбони наҳзатиҳои хунхор гашт. Баъдан маълум гашт, ки Ҳайдар Қосимов аз дасти аъзои ТЭТ ҲНИ, яке аз бераҳмтарин размандагони ин ниҳод Мустафо (бо лақаби Мустафои наҳзатӣ), дар хатти сарҳади давлатӣ ба қатл расонида шудааст.
Имрӯз барои абадӣ гардонидани номи ин фарзади фарзонаи миллат-Ҳайдар Қосимов, муассасаи таҳсилоти миёнаи умумии №38-и ноҳияи Вахш ба номи ӯ гузошата шудааст. Дар арафаи 75-умин солгарди Ғалабаи ҶБВ бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун ва аз ҳисоби фаъолон ва Иттиҳодияи интернатсионалистони собиқадори ноҳия бо сардории роҳбари он Александр Валентинович Моисеев дар назди оромгоҳи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Ҳайдар Қосимов лавҳаи ёдгории иштирокчии ҶБВ (солҳои 1941-1945) гузошта шуд.
Хушбахтона, имрӯз дар Ватани азизи мо сулҳу субот пойдор аст. Шахсиятҳое мисли Ҳайдар Қосимов, ки аз худ меҳандӯстӣ, фидокорӣ, мардонагӣ ва қавииродагӣ баҳри осоиштагии мардум, гулгулшукуфии диёри азизамон-Тоҷикистон нишон додаанд ҳаргиз аз хотирҳо фаромӯш намешавад. Имрӯз тамоми хурду бузурги кишвар ба ин марди бузург- Ҳайдар Қосимов сари таъзим фуруд меоранд ва ӯро ҳамеша ба некӣ ёд мекунанд.

А.Иброҳимзода, сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷайҳун»-и ноҳияи Ҷайҳун.
М.Сиярзода, муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷайҳун»-и ноҳияи Ҷайҳун.

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code