ВАТАНДОРӢ БА ГУФТОР АСТ Ё КИРДОР?…

02.03.2021

print
Мулоҳизаҳои Қодири Қосим пас аз як сайри беғараз дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Март 1, 2021 12:58
«Муҳаббат ба Ватан ва муҳаббат ба одамон ду ҷараёни тез мебошанд, ки дар якҷоягӣ дарёи бузурги ватандӯстиро
ташкил медиҳанд. Ватандӯстӣ душмани таънаву айбҷӯӣ аст».
(Мартен Густав,файласуфи олмонӣ)

ДУШАНБЕ, 01.03.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар шароити авҷи набарди иттилоотӣ, ки дар замони пандемияи коронавируси COVID-19 беш аз 70 фоизи аҳолии сайёраро пойбанди робитаи фазои электронӣ кардааст, бавосита ё бевосита ба баҳри иттилоот ворид мешавед. Мутаассифона, дар аксар маврид шабакаҳои иҷтимоӣ ба минбари ҳангоматалабон, тамаъҷӯён, иғвогарон ва ранҷидахотирони бадахлоқ табдил ёфтаанд.
Чунин нигоштааст Қодири Қосим пас аз як сайри беғараз дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
Хотиррасон мешавем, ки номбурда фаъолияти меҳнатии худро соли 1983 пас аз хатми Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистон ба ҳайси агроном шуруъ намуда, минбаъд солҳои зиёд дар вазифаҳои муҳими хоҷагию давлатӣ – сарагроном, директори совхоз, инструктори КМ ЛКСМ Тоҷикистон, котиби дуюми кумитаи вилоятии комсомол дар Хоруғ, Раиси ноҳияи Ванҷ, муовини аввали Раиси ВМКБ, муовини Вазири кишоварзии Тоҷикистон, Раиси ВМКБ, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, Раиси Федератсияи итиифоқҳои касабаи мустақили мамлакат кор кардааст. Ҳоло муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дер зер идомаи мулоҳизаҳои ӯро на ба ҳайси мансабдори давлатӣ, балки ҳачун як шаҳрванди Тоҷикистон пешниҳоди хонандагон менамоем.
Шабакаҳои иҷтимоӣ ҳоло минбари қасосу интиқоми хусусӣ ва маркази адовату кина шудаанд. Ҳатто наврасон барои дашному ҳақорат додан аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мебаранд.
Бадбахтона, имрӯз агар як шахсе, ки Ватанро тарк кардааст, агар ба матлабе ё рӯйдоде аз хориҷа вокуниш кунад, онро “озодии сухан”-гӯён гӯши фалакро медаронанд, вале агар ягон мансабдор ё корманди давлатӣ ибрози ақида намояд, ӯро зуд ба кадом як “фабрикаи ҷавоб” мансуб медонанд ё онро фармоишӣ меноманд.
Касеро ба баҳс кашиданӣ нестам. Аслан, далелу омори баррасишаванда ба шакку шубҳа ва баҳс ниёз надорад. Ин навиштаҳо аз рӯйи хусумати инфиродӣ ҳам нестанд.
Аломатҳо, тамоюл ва нишонаҳои ин бесарусомонии сиёсии ҳадафманд, ки неруи сеюм роҳандозӣ кардааст, ҷомеаи солимақлро ба ташвиш овардааст. Бадбахтона, аксар ташкилотчиёни маъракаи иттилоотии сиёҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ даҳшат ва зиёни ҷанги шаҳрвандиро фақат шунидаанд. Ва бехабар ва нофаҳмида аз пайи иштибоҳи иғвогарони солҳои 90-ум мераванд.
Дар ҳамаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва саҳифаҳои блогерҳо ба истилоҳ фирориёни бурунмарзӣ — “мухолифин”-ро истифода мекунанд. Ин истилоҳ дар асл дар илми ҷомеашиносӣ тафсири гурўҳи дигарандешоне мебошад, ки расман сабт шуда, барои идоракунии давлат ё тағйири сиёсат барномаи алтернативӣ доранд. Ба таври алоҳида ҳар кас барои қасосу ниқори хусусӣ аз ин истилоҳ истифода бурда наметавонад.
Вале ин гурӯҳи ҳамдиёрони мо ба тамоми миллат мухолифат доранд, худро бо мардуми шарифи Тоҷикистон мухолиф эълон карда, бо ғазабу таҳдид ҷомеаро ба табаддулот даъват мекунанд.
Яъне онҳо ғараз доранд, хусумат доранд ва мухолифи шахсият мебошанд. Ҳамин аст, ки дар ҳамаи суҳбату шарҳҳои онҳо фақат таҳқир ва таънаву маломати шахсони алоҳида ҷой дорад.
Аз сӯйи дигар, дар шинохти муосир ба ном “мухолифон”-и силоҳдор ё террорист эътироф шудаанд ё зархарид. Ин ҷо табиат ва ба истилоҳ “анатомия”-и мухолифинро таҳқиқу таҳлил мекунам.
Хоҳ дар ИМА, хоҳ дар Сингапур ва хоҳ дар кишвари афсонавии Абдураҳмони Ҷомӣ (манзур: достони «Хирадномаи Искандарӣ». – Шарҳи АМИТ «Ховар») дар ҷомеа шоҳу гадо, собиқ маҳбус, дузд, шахси азмансабрафта, ба мансаб нарасида ва аз сарвати бо роҳи дуздӣ бадастоварда маҳрумгардида мавҷуданд.
Мехоҳам дар бораи ахлоқу одоб дар шабакаҳои иҷтимоӣ гӯям. Ё ба назари ман чунин менамояд ё дарвоқеъ чунин аст, ки шахсони ғараздору фурсатталаби шабакаҳои иҷтимоӣ асосан коргурезон ва ба истилоҳ бекорхӯҷаҳоянд.
Ба ном мухолифини «муҳтарам»!
Агар ҳамаи 4 миллион шаҳрвандони баркамолу қувваи кории мо шабу рӯз дар шабакаҳои интернетӣ шинанд ва ба навиштаҳои шумо бо хосту исрори шумо ба истилоҳ “лайк” гузоранд, кор ва истеҳсолот чӣ мешавад?
Аз сӯйи дигар, ба хулосае омадам, ки имрӯз интернету шабакаҳои иҷтимоӣ ба аламхона ва ё қасосхонаи пинҳонӣ табдил гардидаанд.
Шумо бо ғазаб дар интернет қабеҳтарин дашному ҳақоратро раво мебинед, ба шахсони алоҳида туҳмат мезанед. Мардумро ба нооромӣ ва табаддулот даъват мекунед, аммо касе шуморо пайдо карда наметавонад. Аслан, намешиносад, чун зери ниқоб пинҳонед.
Хеле дарднок аст, ки “навбатдорони шабакаҳои иҷтимоӣ” лофи ватандӯстиву ватандорӣ мезананд. Ва баъзан бо эҳсосоти баланд зебоию шаҳомати Ватанро тараннум мекунанд.
Агар ин Ватан ин қадар зебову фараҳфизо бошад, пас чаро хиёнат кардед, чаро фирор кардед? “Дур аз Ватан мурдан беҳтар аст, аз он ки бидуни Ватан дар дилу ҷон зиндагӣ кунед”. Ин суханони Паустовскийро низ аз ёд набароред.
Воқеан, Сингапур, Ҳиндустон, Арманистонро фарзандони бурунмарзии онҳо сохтаанд. Дар буҷети Арманистон 36 фоизи сармоя саҳми арманҳои бурунмарзӣ аст. Соле то 18 миллард доллар ба буҷети Ҳиндустон аз ҳиндуҳои бурунмарзӣ кумак ворид мешавад.
Ин омор ба муҳоҷирони меҳнатии муваққатӣ дахл надорад.
Мо бояд бедор шавем ва хуб дарк кунем, ки ба доми “кайф”-и иттилооти интернетӣ (шабакаҳои иҷтимоӣ) наафтем, зеро ақлу заковати шумо бо дасти лӯхтакбозон аз паҳлӯ идора мешавад.
Хабар соҳиб, муаллиф ва масъулият дорад. Миллиард хабару иттилооти бесоҳиб танҳо воситаи ташвиқот аст. Хурду бузурги кишвар бояд донанд, ки ақлу заковати онҳоро навору ахбори шабакаҳо аз пажўҳишу кашфиёт дур месозад.
Ягон лорд, демократ, ташкилоти ҷамъиятии хориҷӣ барои мо ва Тоҷикистон дилсӯз нест. Бузургонамон гуфтаанд: «Кас нахорад пушти ман ҷуз нохуни ангушти ман».
Ҳамватнони гиромӣ!
Нисфи ахбор дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар атрофи муҳоҷирони меҳнатӣ мечархад. Муҳоҷирати меҳнатӣ айбу шарм надорад. Муҳоҷирати меҳнатӣ иқтисод ва тиҷорат аст.
Имрӯз давлатҳои абарқудрати ҷаҳон, ба монанди Ҳиндустон 120 милллион, Русия — 3 миллион, Фаронса — 1 миллион ва ҳатто ИМА 2 миллион муҳоҷири меҳнатӣ доранд!
Ҳазорҳо нафар коргарони Хитой дар Тоҷикистон низ ҳамаашон дипломат ё сайёҳ нестанд.
Онҳо низ муҳоҷири кориянд. Саҳми даромад аз муҳоҷирати меҳнатӣ дар буҷети Филиппин 34 фоиз, Эрон 6 фоиз, Ҳиндустон 4 фоиз, Туркия 8 фоиз, Беларус 8 фоиз, Молдова 14 фоизро ташкил медиҳад.
Шумо баъзан шумораи муҳоҷиронро аз 1,5 миллион бештар ҳисоб мекунед. Давлат хоҳ дар ИМА, хоҳ дар Африқо омори расмӣ дорад. Ин омор аз ҳаво гирифта намешавад. Соли 2019 як шиносам 5 маротиба ба Русия рафта омад. Аммо ба ҳисоби шабакаҳои иҷтимоӣ 5 муҳоҷир аз кишвар рафт.
Таҳлили ахбор дар мавриди рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҳама беш боиси хашму ғазаб мегардад.
Рӯзе шаҳри Душанберо давр зада, ҳисоб кардам, ки то соли 1990 дар Душанбе 34 бинои баландошёна ва 1 меҳмонхонаи ситорадор мавҷуд буд.
Танҳо солҳои охир садҳо бинои баландошёна ва 12 меҳмонхонаи 5 — ситорадор бунёд гардидааст. То соли 1991 ҳар 14-умин оила соҳиби мошин буд. Ҳоло ба ҳар панҷумин шаҳрванд як мошин рост меояд. Касе оила ё шаҳрванди бе телефони мобилиро нишон диҳад, мукофот хоҳам дод.
Талафоти навзодон 8 баробар кам гардида, дарозумрии одамон афзуд. Барои ташхиси томографӣ одамон фақат ба Москва ва Тошканд мерафтанд. Ҳоло фақат дар шаҳри Душанбе 123 ташхисгоҳи муҷаҳҳази дар Осиёи Марказӣ беҳтарин кор мекунад.
Соли 1988 як мурдаро тавассути роҳи вилоятҳои Суғд, Ош ва шаҳри Хоруғ ба ноҳияи Ванҷ дар ду ҳафта расониданд. Ҳоло дар 5 соат аз Душанбе ба ноҳияҳои ВМКБ озод ба манзил мерасем. Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон ягон бандари хориҷӣ набуд. Ҳоло 6 пули байналмилалӣ бо хориҷи кишвар бунёд гардидааст.
Чун дар мавриди пешравиҳо гуфтам, бояд иқрор ва эътироф кунем, ки ин дастовардҳоро ягон фарду шахси хориҷӣ барои мо таъмин накардааст. Чанде пеш дар як ҳамоиш аз саҳми Пешвои милат дар истиқлоли давлатӣ ва рушди устувори Тоҷикистон гуфтам.
Башарият то ба ҳол чунин пешравии мӯъҷизавиро дар кишваре, ки захираи кофии нафту газ, бандарҳои дарёӣ ва баҳрӣ надорад ва тамоми коммуникатсияи байналмилалии он тавассути кишварҳои хориҷӣ васл мебошад, надидааст.
Масалан, 7 соли аввали истиқлол бо ҷанг ва мухолифату музокира гузашт, то ин ки бо мухолифини ҷоҳталаб аҳди сулҳ баста шуд.
Ин таҷрибаи оламшумули Пешвои миллатро имрӯз дар илми давлатдорӣ ва ҷомеасозӣ фаровон истифода мебаранд. “Таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон дар шароити авҷи даргириҳои дохилӣ ва талошҳо барои афзалият дар сиёсати геополитикӣ моҳияти байналмилалӣ дорад”. Ин суханони ёвари собиқи Президенти Русия Сергей Ястржембский барои ситоиш ва тамаллуқ гуфта нашудаанд. “Ман оғози алангаи ҷангро бозӣ мешуморам, хомӯш кардани онро қаҳрамонии ҷовидонӣ меҳисобам”. Ин иқтибос аз Маҳатма Ганди қаҳрамонии Пешвои миллати моро собит менамояд.
Воқеан, аз овони ҷавонӣ Пешвои миллат ягон бор барои вазифа ва мансаб талош накардааст. Ҳатто ба ҳайси мутахассиси иқтисодшинос ва корманди фаъол ба мактаби олии ҳизбӣ, ки дар он замон як зинаи асосии нардбони мансаб буд, дохил шудан нахостааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки чанд сол пеш мардум якдилона ҳамчун Пешвои миллат қабулаш карданд, соли 1992 барои ягон вазифа талош накард.
Ҳама ёд дорем, ки дар он иҷлосия кадрҳо ва роҳбарон аз масъулият мегурехтанд. Соли 2008 дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Ишкошим як собиқадори меҳнат бидуни рӯзномаи мулоқот аз ҷой бархест. Он вақт ман Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон будам. Ана ҳамон вақт бе омодагии қаблӣ ин пири хирадманд ба Президент “Пешвои миллат” гўён хитоб намуд. Ин андеша, пешниҳод ва нияти холиси халқ буд.
Бигузор гумони шуморо дар қонуншикании интихоботҳо ба инобат гирем, вале ҳакамон ва коршиносоне, ки 500 мусулмони бонуфузи ҷаҳонро аз 2,5 миллиард интихоб мекунанд, ба Эмомалӣ Раҳмон на хеш ҳастанду на шинос.
Магар мо ҳуқуқи маънавӣ надорем бо ин фахр кунем, ки аз кишвари собиқ атеистии солҳои 90-ум 56-умин шуҳратмандтарин мусулмони ҷаҳон маҳз тоҷик баромадааст?!
Тоҷикистон дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ дар маълумотномаи СММ бо ду ҷумла мақом дошт. Вале ин абармарди сиёсат дар таърихи миллат аз минбари СММ 5 иқдоми дорои аҳаммияти умумибашариро эълон намуд.
Сарвати Тоҷикистон — обро ба дастурхони ҷаҳониён гузошт ва бо раъйи якдилона дар ин бора санадҳои дахлдор қабул шуданд.
Бо азму талошҳои шабонарўзии Пешвои муаззами миллат ва мардуми шарифи Тоҷикистон кишвари мо таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерўи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат, инчунин вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсулро ҳамчун ҳадафҳои стратегии худ интихоб намуда, ҳоло нақшаи гузариши иқтисодиёт аз шакли аграрӣ-индустриалӣ ба индустриалӣ-аграрӣ амалӣ шуда истодааст.
Алҳол Тоҷикистон бо 192 кишвари дунё робита дошта, шарики 160 конвенсия, созишнома ва узви 23 ташкилоти ҷаҳонӣ мебошад. Ба ҳайси яке аз муассисони СҲШ, СААД ва СҲИ мақоми Тоҷикистон дар мадди аввал аст.
Аз душман дӯст ва аз дӯстон шарикони стратегӣ ба вуҷуд овардан танҳо хоси бузургмардон аст.
Ин шоҳкориҳои азим осон ба даст наомадаанд. Дар паси ҳар корнамоӣ саъю талоши шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хатар ба ҷисму ҷон, мулоқотҳои тунду тез ва гуфтугӯҳои бардавом, қарордодҳои тақдирсози байнидавлатӣ, муколамаҳои дипломатӣ, устувории имон ва сабуриву тамкини бузург меистанд.
Ба таърих назар кунед. Нерўгоҳи барқии обии Норакро 15 ҷумҳурии собиқ Шӯравӣ, 5 давлати хориҷӣ, 1780 ширкату ташкилотҳои хориҷӣ дар 12 сол сохтанд.
Вале калонтарин неругоҳи минтақа — “Роғун” бо имконот ва қувваи худӣ бунёд шуда истодааст. Ҳанӯз соли 2001 Пешвои миллат моҳияти ҷаҳонии “энергияи сабз” ва истиқлолияти энергеткии кишварро таҳия карда буд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози иқтидори энергетикӣ дар ҷаҳон ҷои 8-ум ва дар ИДМ ҷои дуюмро мегирад. Дар мушкилтарин даврони буҳрони молиявӣ Пешвои миллат ду чархаи НОБ “Роғун”-ро ба кор даровард. Дар се соати сари чамбараки трактор нишастанаш тамоми дунё ба кори Пешвои миллат бо булдозер назорат мекард ва ў шахсан бо дастони хеш маҷрои Вахшро ба нерўгоҳ равон намуд.
Ин шуҷоат барои садсолаҳои баъдӣ низ нур ва нерӯи барқ медиҳад.
Ба шумо — суханчинҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчунин ёдрас мекунам, ки истиқлолияти комили ИМА дар 120 сол, Фаронса 43 сол, Ҳиндустон 57 сол пурра ташаккул ёфт.
Замоне ки дар ИДМ мероси Иттиҳоди Шӯравиро тақсим мекарданду ҷумҳуриҳои дигар ҳаққи хешро аз Шӯравӣ меситонданд, мо барои ҳифзи истиқлолу якпорчагӣ меҷангидем. Давлати навини мо баъди қасби истиқлол танҳо аз соли 2004 қоматашро рост кард.
Дар 17 сол ягон кишвари дунё ба кишвари рӯ ба рушд табдил наёфтааст, чунонки Тоҷикистон пешрафт кард.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлатро аз утоқи корӣ ва аз рӯи ҳисоботҳо идора намекунад. Дар зарфи 10 моҳ, ки пандемия ҳукм меронд, Пешвои миллат дар киштзорҳои вилояти Суғд, боғоти Хатлон, корхонаҳои саноатии Душанбе озод бо мардум дидор ва гуфтугў менамуд.
Асрори дигари пешравӣ низ махфӣ нест. Сарвари давлат рушди ҳар соҳаро бо шароити иқлим, тақозои зиндагӣ ва тамоюли бозори ҷаҳонӣ оқилона мутобиқ менамояд. Ҳадафи чоруми миллӣ — рушди саноатӣ-аграрии кишвар барномаи инқилобии истеҳсолӣ аст.
Агар саноат локомотив бошад, соҳаи кишоварзӣ қатора буда, бо суръати кофӣ ба пеш ҳаракат хоҳад кард.
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш соли 2018 ҳангоми боздид аз Тоҷикистон, барҳақ, Пешвои миллатро “инсони покдил ва ташкилотчии оқил” номид.
Банда солҳои зиёд дар рӯзҳои мушкил дар ВМКБ бо Пешвои миллат кор кардам. Ин барои ман шахсан ифтихор аст, ки бо чунин фарзанди сарсупурда, ҷонфидо, хирадманд, шуҷоъ, сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ кор кардаам. Ин иқболи баландест, ки ҳар як инсон орзу мекунад.
Ин вокуниши ман ҳамчун як шаҳрванди одии ин сарзамини биҳиштӣ, ҳамчун як тоҷики ватандӯст рӯи қоғаз омадаву унвонии корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ирсол мешавад.
Мардум дар дуояшон аз даргоҳи Парвардигор ба Пешвои муаззами миллат саломатӣ ва сарбаландии бештару бештарро орзу мекунанд.
Воқеан, дар омади сухан боз як хоҳиши бародарона дорам. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат аз танқиди воқеиву созанда парҳез намекунад, ҳарос надорад.
Тоҷикистон ягона кишвари ИДМ аст, ки меъёри қонунии вокуниш ба танқиди ВАО дошта, тибқи Фармони №622 арзу андешаҳои танқидиро баррасӣ менамояд.
Ҳамзамон бо ин, бояд мақоли тоҷикии “Моҷарои хонаро ба кӯча намебароранд”-ро дар ёд дошта бошем. Ҳамагӣ мусулмонем. Аз лиҳози ақидаӣ хоҳ демократ бошем, хоҳ даҳрӣ ё тундгаро, бояд одоби баҳс, тарзи муошират ва русуми хуби тоҷиконро риоя кунем.
Ва ниҳояти гуфтор. Пештар аз ҳама, тансиҳатӣ ва тавфиқи коратонро орзу дорам. Бигзор, душаҳрвандиву сешаҳрвандӣ гиред. Ин имконпазир ва дар чаҳорчӯбаи ақл аст.
Бигзор ба ҳукумату ташкилоти дигар хидмат кунед. Вале Тоҷикистон ватани мову шумост, ягона аст. Ва дар ҳама ҷо, дар ҳама сатҳ шуморо “тоҷик” мегӯянд.
Каме ҳам бошад, аз зодагони Душанбе — яҳудиёни Тоҷикистон дар хориҷи кишвар бояд ибрат гирифт. Онҳо дар хориҷи кишвар, бо вуҷуди зиндагии шоҳона, пеш аз мурдан як каф хоки Тоҷикистонро бо худ мебаранд.
Кинаҳоро аз дил бароред. Адовати шахсиро дур созед. Мо садҳо миллион нестем. Танҳо ваҳдату дӯстӣ моро ба зиндагии шоиста мерасонад, муваффақ мекунад.
Ин мисраҳои Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро ба ёд оред, ки гуфтааст:
Ақл мегӯяд, ки айши бекарон
Ҳаст дар ҳамзистӣ бо дигарон,
Ту ҳам, эй фарзанд, танҳо аз хирад
Бо тамоми мардуми рӯи замин,
Дустӣ кун! Беҳтарин дин аст ин.
Боқӣ, дар паноҳи Худованд бошед!!
Бо эҳтиром,
Қодири ҚОСИМ,
шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон,
сокини шаҳри Душанбе

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code