Дар арафаи соли нави хониш дар муассисаи таълимии рақами 61-и деҳаи Лолазори ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич маросими ба истифода супоридани синфхонаҳои аз нав таъмиргардида баргузор гардид. Дар он Раиси ноҳия муҳтарам Ашуралӣ Ҷалилзода суханрони намуда, қайд намуданд, ки дар арафаи соли нави таҳсили 2024 -2025 дар муассисаи таълимии мазкур 6 синфхона ва 2 бинои маъмурӣ пурра аз таъмир бароварда шуд, ки он дар масоҳати 450 метри квадратӣ ҷойгир буда, барои таъмиру таҷдиди мактабу синфхонаҳо беш аз 300 ҳазор сомонӣ маблағ сарф карда шуд, синфхонаҳои муассиса бо кӯмаки молиявии муҳоҷирони меҳнатӣ ва шахсони саховатпешаи деҳа Юлдошев Улуғбек, Ҷӯраев Мурод, Турдиалиев Шавкат бунёд гардида, устоҳои деҳа, Муҳаммадиев Нӯъмонҷон, Ҳасанов Ғайрат, Отақӯзиев Шерматбек, Муҳаммадиев Азимҷон барои азнавсозии синфхонаҳо саҳми арзанда гузоштанд.
Ин амали хайр барои беҳтар намудани шароити таҳсили хонандагон мусоидат намуда, дар оянда сатҳу сифати дониши хонандагон баланд хоҳад шуд. Бояд зикр намуд, ки дар муассисаи мазкур 482 нафар хонандагон таҳсил намуда, 36 нафар омӯзгорон фаъолият мебаранд.
Шарҳ нест