ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ НОҲИЯ АШУРАЛӢ ҶАЛИЛЗОДА БА МУНОСИБАТИ 33-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

06.09.2024

print

Ҳамдиёрони азиз!

Мо дар арафаи ҷашни Истиқлол қарор дорем, аз ин рӯ кулли сокинони меҳнатқарини ноҳияи Деваштичро бо 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, дар хонадони ҳар яки Шумо – ҳамдиёрони азиз, файзу баракат ва шодмониву нишоти рӯзгор хоҳонам.

Барои кулли сокинони кишвари соҳибистиқлоли мо Истиқлолият нишони барҷастаи пойдории давлат, рамзи асолату ҳуввият, мазҳари ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

Дар ҳаёти пурифтихори худ тамоми сокинони кишвар, аз ҷумла кулли мардуми ноҳияи Деваштич ифтихор аз он доранд, ки сиву се сол қабл, нахустин хиштҳои девори Истиқлоли давлати воқеӣ ва давлатдории миллии хеш гузошта шудааст ва бо шарофати мустақилият ва сиёсати хирадмандона, дурандешонаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз мо соҳиби муқаддасоти  миллӣ гардидем.

Бояд қайд намуд, ки Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору андешаҳои созанда, азму иродаи фидокоронаи расидан ба ормонҳои миллиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид.

Истиқлолият дар як муддати кутоҳ  ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.

Имрӯз мардуми шарафманди нохия дар қатори дигар сокинони кишвари биҳиштосои азизамон, ҷашни бузургу таърихӣ ва муқаддаси   33 – солагии  Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҳисси баланди ифтихори миллат ва шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуда истодаанд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ иброз доштанд, ки: «Сатҳи инкишофи имрӯзаи давлати мо аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, барои боз ҳам беҳтар шудани рӯзгори мардум ҳамаи заминаҳои мусоиду мустаҳкамро гузоштем».

Албатта зикри ин матлаб ҳаргиз маънои онро надорад, ки мо бо чунин суръати рушд ва густариши амалҳои ободкориву созандагӣ қаноатманд бошем. Баръакс, имрӯз моро зарур аст, ки бештар аз дирӯз кору фаъолият намуда, аҳлона заҳмат кашем ва кӯшиш намоем, ки кишвари худро ба давлати пешрафта ва сарзамини биҳиштосоямонро боиқтидор ба мулки обод табдил диҳем.

Аз ин лиҳоз, мо вазифадорем, ки забону фарҳанг, расму ойин ва суннату анъанаҳои миллии худро гиромӣ дорем, аз онҳо ифтихор кунем ва маънавиёти насли ояндасозро бо арзишҳои миллати куҳанбунёдамон тавсеа бахшем ва ҳамзамон бо ин, зеҳну шуури онҳоро аз олудашавӣ ба унсурҳои бегона ҳифз намоем.

Аз ин рӯ, фаъолон, аҳли зиё ва ҳар як сокини кишвар, аз ҷумла мардуми шаҳрро лозим аст, ки аз ин дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат хулосаҳои зарурӣ бароварда, баҳри ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, марзу буми кишвари биҳиштосо масъул бошем.

Барои имрӯз ва дар оянда ба воя расонидани кадрҳои баландихтисосу соҳибкасб, донишманду забондон кушиш ба харҷ дода, ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани тарбияи фарзандон дар руҳияи ахлоқи ҳамида, ҳувияти миллӣ, худогоҳӣ, инсондӯстӣ, ватанпарастӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ,  баланд бардорем.

Итминони комил дорам, ки сокинони ноҳияи Деваштич ва фарзандони бонангу номуси он қадру қимати истиқлолиятро аз ҳарвақта бештар дарк намуда, барои татбиқи ҳадафҳои бузурги миллӣ, пешрафти босуботи Ватани азизамон, тақвияти суботу оромии ҷомеа минбаъд низ саъю талош намуда, бо заҳмати аҳлонаву дастаҷамъона дар ояндаи наздик давлати мустақилу озоди худро ба як кишвари   ободу пешрафтаи олам табдил медиҳем.

Бигузор Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша пойдор ва мардуми шарафманди Тоҷикистон бо роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарбаланду сарфароз бошад!

Ҷашни 33 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кулли сокинони шарафманди ноҳияи Деваштич самимона табрик гуфта, бароятон сарбаландию нерӯи созанда ва саодати рӯзгорро орзумандам.

   Ҷашни 33 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод, ҳамдиёрони азиз!

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code