КОНФРЕНСИЯИ XXII-и ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТИИ КУМИТАИ ИҶЛОИЯИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ

25.09.2024

print

Дар толори Қасри фарҳанги ба номи Абуабдуллои Рӯдакии маркази ноҳия Конференсияи XXll  ҳисоботӣ – интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич, ки дар асоси Қарори Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич аз 30 -юми майи соли 2024 даъват гардида буд, баргузор гардид.

Дар кори Конференсия Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоилиён Комрон Исмоилзода, мушовири  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Маликисломӣ Наим Мунаввар ширкат варзиданд.

Ҳамзамон, дар Конференсияи мазкур вакилон аз  ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич тибқи меъёри муқарраргардида роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, аъзои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” иштирок доштанд.

Кори Конференсияро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич Маъмурзода Равшаной  ифтитоҳ намуда, сипас ҳайати кории раёсати Конференсияро муаррифӣ намуд.

Тибқи рӯзномаи Конференсияи XXll-и  ҳисоботӣ – интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич баррасии масъалаҳои зерин ба миён гузошта шуданд:
1. Ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич “Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи ҳисоботӣ ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда”;
2. Ҳисоботи раиси Комиссияи тафтишотии ташкилотҳои ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич  дар давраи ҳисоботӣ;
3. Интихоби аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич;
4. Интихоби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич;
5. Интихоби аъзои Комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич;
6. Интихоби вакилон ба конференсияи 16-уми ҳисоботӣ – интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд;
7. Масъалаҳои ҷорӣ;

Ҷиҳати баррасии масъалаи якуми рӯзномаи Конференсияи XXll-и ҳисоботӣ – интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич, ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Маъмурзода Равшаной шунида шуд.

Тавре ки аз ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич Маъмурзода Равшаной маълум гардид, тибқи нишондодҳои оморӣ,  сафи аъзои ҳизб дар ноҳия, ба ҳолати имрӯза   8684 нафарро ташкил  медиҳад.

Дар ин радиф, айни ҳол дар ноҳия  107 адад   ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ фаъолият дорад.
Дар давраи ҳисоботӣ, дар доираи иқдому ташаббусҳои созандагӣ ҷиҳати саҳмгузорӣ дар корҳои ободонию созандагӣ ва кабудизоркунии маҳал вусъати тоза бахшида шуд.

Ҳамзамон, тавре ки маълум гардид, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар якҷоягӣ бо вакилон, шахсони эҳсонкору хайрхоҳ ва ташкилотҳои ҳизбӣ ба оилаи камбизоату ниёзманд кумакҳои моддиву молиявӣ расонид.

Инчунин, қайд гардид, ки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  давоми 2 соли охир сарпарастии 2 нафар маъюбону оилаҳои ниёзманди ноҳияро ба зимма гирифта, ба онҳо ҳар моҳ нафақаи ҳизбӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ пардохт намуда истодааст.

Ҳамзамон, қайд гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ, аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ  ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғибу ташвиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, қонунҳои миллӣ,  одоби шаҳрнишинӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, сафарбар намудани мардум ба корҳои созандагию ободкорӣ гурӯҳҳои таблиғотӣ таъсис дода шуданд, ки дар ин замина миёни сокинони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия мулоқоту вохӯрӣ, соатҳои сиёсӣ ва мизҳои мудаввар доир карда шуд.

Дар идома, ҷиҳати баррасии масъалаи дуюми рӯзномаи Конференсия ахбороти аъзои  Комиссияи тафтишотии ташкилотҳои ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич Шокирҷон Носирзода оид ба фаъолияти молиявии ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар ноҳия дар давраи ҳисоботӣ, шунида шуд.

Ҷиҳати баррасии масъалаи сеюми рӯзномаи Конференсияи ҳисоботӣ – интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич ҳайати нави аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич иборат аз 37 нафар, бо пешниҳод ва ҷонибдории якҷояи вакилони Конференсия интихоб гардид.

Ҳамзамон, дар асоси талаботи банди 4.11 Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва банди 4 рӯзномаи Конференсияи XXll-и ҳисоботӣ – интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич масъалаи аз нав интихоб намудани раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар робита ба ин, номзадии Маъмурзода Равшаной ҷиҳати аз нав интихоб гардидан ба ҳайси раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич пешбарӣ гардида, бо ҷонибдории якдилонаи вакилони Конференсия ва ҳайати навинтихоби аъзои Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳия доир ба масъалаи мазкур қарори дахлдор қабул ва тасдиқ карда шуд.

Оид ба баррасии масъалаи панҷуми рӯзномаи Конференсия ҳайати нави Комиссияи тафтишотии ташкилотҳои ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич аз 7 нафар интихоб гардид.

Дар ин радиф, ҷиҳати баррасии масъалаи шашуми рӯзномаи Конференсияи  ҳисоботӣ – интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич оид ба интихоби вакилон ба Конференсияи 16-уми ҳисоботӣ – интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд номзадии 28 нафар вакил аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Деваштич пешбарӣ гардида, доир ба масъалаи мазкур қарори дахлдор қабул карда шуд.

Дар идома, пас аз баррасӣ ва қабули қарорҳои дахлдор оид ба масъалаҳои рӯзномаи Конференсияи  XXll-и ҳисоботӣ – интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич кори Конференсия пӯшида эълон гардида, дар ин радиф, Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич даъвати 1-ум баргузор гардид.
Кори маҷлисро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич идома дода, рӯзномаи онро ба ҳозирин ироа намуд.

Тибқи рӯзномаи маҷлис баррасии масъалаҳои зерин ба миён гузошта шуд.
1. Интихоби аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич;
2. Масъалаҳои ташкилӣ;
Оид ба масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис ҳайати нави аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич, иборат аз 15 нафар пешбарӣ гардида, бо ҷонибдории аъзои Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳия доир ба масъалаи мазкур қарори дахлдор қабул ва тасдиқ карда шуд.

Дар фарҷом, як қатор фаъолони ҳизбӣ аз кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳия, саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои Оиннома ва Барномаи ҲХДТ, ба роҳ монадани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва баланд бардоштани нуфузу эътибори ҳизб дар ҷомеа бахшида ба 30 – солагии таъсисёбии ҲХДТ бо Сипосномаҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич қадрдонӣ карда шуданд.

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code