Санаи 23 сентябри соли равон Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Деваштич ташриф овард. Вазири кишоварзиро раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода ва роҳбарону масъулони сохаи кишоварзӣ истиқбол гирифтанд.
Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода бо ҳамроҳии Вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода аз фаъолият ва ҷамъоварии картошка дар хоҷагиҳои деҳқонӣ шинос шуда ба кишоварзон маслиҳату тавсияҳо дод. То соҳаи кишоварзӣ рушд карда, барои таъмини бозорҳои дохилию хориҷӣ ва истеҳсоли маҳсулотҳои босифат мусоидат намояд.
Мақсад аз ташрифи Вазири кишоварзӣ дидан намудан аз маҳсулотҳои хоҷагии кишоварзӣ ва сӯҳбат намудан бо кишоварзони ноҳия мебошад.
Шарҳ нест